20 — уми ноябри соли равон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузарони дар ВМКБ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода тариқи онлайнӣ сурат гирифт, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои вилоят пайваст шуданд. Дар он масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ВМКБ зикр намуд, ки ба ҳолати имрӯза таъминоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи асосӣ ва хӯроквории аввалия ба пуррагӣ таъмин буда, дар ин самт мушкилот вуҷуд надорад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи номукаммали лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ ва насби панелҳои офтобӣ дар ҳудуди вилоят, хоса ноҳияҳои Шуғнону Мурғоб, ибрози назар намуда, аз масъулини Вазорати энергентика ва захираҳои оби кишвар ва ширкати «Помир энерҷӣ» ҷоннок намудани корро талаб кард.
Сипас раиси ВМКБ ҷиҳати иҷрои супоришҳои болозикр ва инчунин, ҳалли масоили муҳими соҳаи энергетикӣ дар самти роҳу нақлиёт, бунёди иншооти нави соҳаи маориф, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири супоришҳо дастурҳои мушаххас дод.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»