Роҳ шоҳраг дар ҷисми ҳар як кишвар аст. Аз ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сарвариашон аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф намуданд.
Дар баробари бунёду таҷдиди роҳҳо таъмини муассисаҳои нигоҳдории роҳ бо техникаву механизмҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар доираи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд марҳилаи аввали ворид намудани техникаи роҳнигоҳдорӣ ба вилояти Бадахшон оғоз гардид.
Бино ба гуфти муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эгамбердӣ Хуҷаев, ворид гардидани техникаҳо ба даврае рост омад, ки барфи зиёд борида, сарбории роҳсозонро дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла, вилояти Бадахшон дучанд гардонид. Аз ин хотир, Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки аз 81 техникае, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, 51 — тоаш барои нигаҳдории роҳҳои вилояти Бадахшон ҷудо карда шавад.
Масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ворид гардидани техникаҳои пуриқтидорро аз ғамхориҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, изҳор доштанд, ки иқдом басо муҳиму саривақтӣ буд.
Инчунин, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ барои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду техникаи роҳнигоҳдорӣ туҳфа карда шуд. Ба шарофати дастрас шудани техникаҳои замонавӣ кормандони Хоҷагии манзилӣ-коммуналии шаҳр имкон пайдо карданд, ки дар фасли зимистон роҳро тоза ва фаслҳои баҳору тобистон гулгаштҳоро шодоб намоянд.
Акнун масъулинро мебояд, ки истифодаи самараноки техникаҳоро таъмин намоянд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ,
«Садои мардум»