ВМКБ. То соли 2030 зиёда аз 200 корхона бунёд мегардад

№10 (4906) 22.12.2024

КОР МАШХУР 241224Давоми се соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 94 корхонаю коргоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Чунин раванди бонизоми рушди саноат дар зарфи 33 соли Истиқлоли давлатӣ бесобиқа буда, он бевосита самараи ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегардад.

Дар ин хусус раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар маросими қадрдонӣ ва ҷамъбасти фаъолияти соҳибкорону саноатчиёни вилоят иброз намуд, ки танҳо соли 2024 дар заминаи ташрифи навбатии Роҳари давлат ба шаҳру ноҳияҳо 8 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Илова бар ин, давоми ду соли охир дар заминаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории  «Помиринвест» ба соҳаи саноати вилоят  2,6 млрд. сомонӣ ҷалб гардида, то ба имрӯз бештари шартномаҳои дар форум басташуда амалӣ гардиданд.

Ба ҳолати ҳозира дар вилоят 138 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори воқеии вилоят ҳанӯз хеле кам истифода мешавад. Бо назардошти ин авомил ва тибқи нақшаи чорабиниҳои бунёдии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ то соли 2030 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 200 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, ҷиҳати босамар истифода бурдани замин, истеҳсоли сабзавоту меваҷот, ашёи дохилӣ, зиёд намудани истеҳсолот дар самти растанипарварӣ, коркарди маҳсулоти чорвою гиёҳҳои шифобахш дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллию берун аз вилоят минбаъд тадбирҳои судманд амалӣ хоҳанд шуд.

Дар ҷаласа бархе аз соҳибкорону саноатчиёни вилоят баҳри фаъолияти пурсамар бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

 М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»