ВМКБ. Воридоти трактору мошинолоти нави кишоварзӣ

№ 25.02.2025

 Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба кор андохтани заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30 трактори нав ва 50 механизмҳои муосири кишоварзӣ дода мешавад.

Дар ин хусус раиси вилоят Алишер Мирзонабот иттилоъ дод, ки аллакай 15 трактор ба маркази логистикии Агентии захираҳои моддӣ дар ноҳияи Рӯшон оварда шуда, рӯзҳои наздик  ба ноҳияҳо тақсим карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти чунин дастгириҳо аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин тадбирҳои муҳиму муассир андешида мешаванд.

Роҳбари вилоят афзуд, ки соли гузашта гарчанде дар умум кори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳо беҳтар буд, вале барои пурра қонеъ гардонидани талаботи истифодаи самараноки замин ҳанӯз басанда нест. 

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»