ВМКБ. Занбӯриасалпарварони ботаҷриба каманд

№ 16.12.2024

ЗАНБУР МАШХУР 101224Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 56,3 тонна ва соли равон бошад, 63,4 тонна асал истеҳсол шудааст. Яъне, ин нишондод гувоҳи он аст, ки зарфиятҳои мавҷуда дар вилоят хеле зиёданд, вале то ҳол ба пуррагӣ истифода нашудаанд.

Дар ин хусус раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандони соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва замбӯриасалпарварӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки аслан усулҳои муосири технологии таъмини амнияти озуқаворӣ замоне амалӣ хоҳанд шуд, ки агар ба масъалаи омода ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои мазкур таваҷҷуҳи бештар равона гардад.

Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «то ҳол занбӯриасалпарварони соҳибтаҷриба дар ВМКБ кам буда, феълан ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят 8 ҳазору 826 қуттии занбӯри асал мавҷуд аст. Ҳол он ки теъдоди оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда истодааст ва ин натиҷа барои вилояти калон, албатта, хеле кам аст. Барои рушди ин соҳа теъдоди зиёди замбуриасалпарварон лозим», — таъкид дошт раиси вилоят.

Занбӯриасалпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳиму манфиатбахши истеҳсолоти кишоварзӣ дар мамлакат буда, дар шароити иқлими мусоиди ВМКБ барои рушди ҳамаҷонибаи он имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»