Ёди некон

ҚАДРРАС

№38 (3339) 16.03.2015

сурат

Занги такрории телефон водорам кард, ки лаҳзае саҳифахониро мавқуф гузошта, гӯширо бардорам… Салому муаррифӣ ва суҳбати муаддабона, ки бо лаҳни гуворову андаке  гиряолуд сухан мегуфт, таваҷҷуҳамро боз ҳам ҷиддитар кард…

- Сангина аст номи ман, духтари Муҳаммадаюбхон… Гиря гулӯгир кард ҳамсуҳбатамро…

Хабари  нохушро чанде пеш аз як дӯст фаҳмида будам. Пеши назар симои марди солор, болобаланду чеҳрагарм, пешонавасеъ, хушсуҳбату шӯх, вале дар асл хеле ҷиддӣ, ҷилвагар шуд.

…Тобистони соли 1998 буд. Дар шаҳри Хоруғ дар Ҳукумати вилоят шинос шудем. Пас аз вохӯрии кӯтоҳакак ва ҳолпурсии самимона якҷо бо дигар ҳамроҳон пайи иҷрои вазифаҳои гузошташуда рафтем…

Баъдҳо бо тақозои вазифа борҳо  вохӯрдем, барои ҳалли масъалаҳо, ташкили кор суҳбатҳову баҳсҳо доштем. Хислате дошт аҷиб: дӯстон, ҳамкорон ва атрофиён ҳам мегуфтанд- қадри худро ҳам медонаду  қадрраси дигарон ҳам ҳаст. Дар ҳама ҳолат ором буд,  бо таҳаммул гӯш мекард ва бо хислати ба худ хосаш, бо табассуми малеҳе сухан мегуфт, бо тамкин, бо далел ва бо андеша…

Давлати пирӣ меронд. Аз дӯстону наздикон аҳволашро мепурсидам. Бардам аст, дар ҳаёти ҷомеа мисли қаблӣ ширкати фаъол дорад, табъаш хушу болида,- мегуфтанд дар ҷавоб.

… Садои Сангина маро ба худ овард:  -ака, падарҷонам моро падруд гуфтанд…

Оре, марде дӯстдору вафодори Ватан, содиқ ба сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, инсоне  ташнаи зиндагӣ, марде, ки рӯзгораш ибратомӯз аст … – Муҳаммадаюбхон Самадов дар охирин рӯзи соли сипаригардида, ки то интиҳояш  чанд соати ба шумор монда буду ба 52 соли пурра шудани арӯсиашон ҳамагӣ чаҳордаҳ рӯзи дигар намерасид, реҳлат кард…

…. Китоби рӯзгорашро бо Сангина як-як варақ мегардонем. Зикри зиндагии бобаракаташ даҳҳо саҳфаро пур мекунад, вале дар ин бора каме  баъдтар ва муфассалтар…

Ба ин манзур шарҳи ҳоли мухтасараш ин аст: Вранг деҳест паҳлуи шоҳроҳ дар Ишкошим, ҳар фаслаш зебоии хоса ва нокоста дорад. 75 сол муқаддам дар фасли арӯси сол, дар гулбаҳорон дар ҳамин макон садои тифлаке-писараке ба атрофу акноф паҳн шуд, аз падараш шодиёна хостанд…

Вале гузашти рӯзгор ӯро гӯё  ки ҳамагӣ чанд гоме дар ҳаёт гузошта бошаду акнун ба фасли сармо расида буд, боз ба деҳи бобоӣ овард. Ӯро, мувофиқи васияташ, боғи бунёдкардааш, бо таҳаммул, сокиту ором ба оғӯш гирифт…

Рӯзи ёдбудаш дӯстон, ҳамкорони собиқ, шогирдон, пайвандонаш давр-давр шуда, шингил-шингил ёди рӯзгораш мекарданд…

…Ҳафтсола шуду равони мактаб гардид. Шароити баъдиҷангӣ-акнун Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расида буд, бо ҳидояти волидайн сабурӣ меомӯхт, тоқат мекард. Саводнок шуд. Дилпур буд, ки метавонад таҳсилашро идома бахшад. Ҳидояти устодону пайвандон ғайраташро дар ин ҷода дучанд мекард. Дуои нек гирифт, барояш роҳи сафед, иқболу обрӯ хостанд. Ба шоҳроҳ баромад, шоҳроҳи ноҳамвор ва пасту баланди зиндагӣ…

Аввал, таи се сол -  солҳои 1956- 1959 дар Техникуми молия ва қарзи шаҳри Душанбе таҳсил кард, соҳиби ихтисос шуд, ба зодгоҳ баргашт. Гоми нахустин гузошт ба сифати мутахассиси ҷавон – ҳамчун ҳисобчии колхоз дар водии Вахон. Баъди ду сол истеъдоду кордониашро ба инобат гирифта, вазифаи ҳисобчии Шӯрои деҳоти Врангро  ба зиммааш вогузор мекунанд.

Чанд муддат гузашту барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ даъват гардид. Он солҳо хизмати аскарӣ сесола буд.

Бо сари баланд қарзи шаҳрвандиро адо кард. Ба ноҳия даъват карданд, яъне ҷавони боғайрат ҷойи шумо дар мақоми дигар аст: ҳисобчии калони шуъбаи молияи ноҳия. Худро аз ҳар ҷиҳат ба кори ҷиддитар омода мекард, зеро ин ҳидояти устодону мураббиёнаш буд. Аз ин рӯ, таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи бахши «Молия ва қарз»-и факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома дод. Бо мурури замон кору таҳсили ғоибона натиҷа доданд- соҳибкасб гардид. Донишу таҷриба, ҳисси масъулиятшиносӣ аз мадди назари роҳбарияти вақти ноҳия ва соҳаи молияи вилоят дур  намонд. Сармуҳосибии шуъбаи молияи ноҳияро ба уҳда гирифт ва бенуқсон то соли 1972 кор кард.

Ба Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят даъват шуд, таъйид карданд: кадри ҷавон ҳастед, лаёқату донишатонро ба инобат гирифта, ба вазифаи сардори Идораи суғуртаи ВМКБ пешниҳод намудем…

Панҷ сол ҳам зуд сипарӣ гардид, софдилона кор кард, саъй кард, талош варзид то ки нуфузу эътибори ин идораро дар ҷомеа, хосатан дар мақомоти болоӣ бипазиранд…

Пазируфта ҳам шуд дар мақомоти марбута ва арзёбӣ ҳам гардид: солҳои тӯлонӣ – 1977-2001 ба сифати сардори Раёсати молия, давоми солҳои 2001 – 2005 ҳамчун муовини  раиси ВМКБ ифои вазифа кард. Ёддошту хотироту қиссаҳои зиёд, муҳимтар ободкориву бунёдкориҳои бешумор аст аз рӯзгори ин солҳо…

2000 солест бисёр хотирмону нақшбаста дар ҷомеаи навини Ватани азиз аз чанд ҷиҳат: бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром, бонизом густариш ёфтану мустаҳкам гардидани Ваҳдати миллии саросарӣ, амалӣ гардидани яке аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон -  ташкили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – парламенти доимоамалкунанда иборат аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон…

«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2000 дар шумораи 30 (1202) иттилоъ медиҳад: «17 апрели соли 2000-ум, соати 10 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм ба кори худ сар кард. Иҷлосияро мувофиқи моддаи 52-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои кӯҳансолтарини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадаюбхон Самадов кушод…. .»…

Иқболу тақдиру насибаш чунин будааст ӯро. Дар даъвати дуюм — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа. Заҳматҳояш қадрдонӣ шудаанд бо мукофотҳои зиёди давлатӣ, нишонҳову унвонҳои бисёри фахрӣ…

Ҳашт фарзанди соҳибмаълумоту соҳибкасб,  наберагони зиёде  низ аз зумраи қадркунандагони ҳаёту фаъолият, заҳмату хизматҳои шоистаи ӯянд. Расмҳо, туҳфаҳо, китобу нигоштаҳои падарро бо эҳтирому бо эҳтиёт нигоҳ медоранд. Расмҳоро як-як,  гӯё ки солҳо боз надида бошанд, бо тавозуъ, бо диққати том менигаранд…

Сангина расме дар даст беовоз мегиряд: ин расм писанди падарам буд, воқеан, оилаи намунавӣ буданд, чӣ рӯзгори хуше аз сар гузарониданд, агар ин расм нашр шавад…,- боз чизе гуфт зери лаб ношунаво. Боз дар оҳу шевананд : «Умр вафо накард чанд рӯзаке  дигар, то  ба сабзбаҳорон, ба арафаи Наврӯз, ҷашни дилафрӯз, ба зодрӯзаш – 18 март бирасад…»…

Бирасад, оре … Бубинад иди панҷумин соли Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, баҳори сабзгуни Вранги Тоҷикистони азизро, осмони софу беғубори Ватанро…

Бале, ҳикмати рӯзгор ин аст, ки коса давраро гирд мегардад, ҳар киро навбат ояд, бинӯшад… Шояд дар қиболи ин нукта бошад, ки шоир мефармояд :

Ман  намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Ҷумъахон НАБОТӢ, рӯзноманигор