ДАРВОЗ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар маҳаллаи «Таги чинор»-и маркази ноҳияи Дарвоз бунёди бинои чорошёнаи истиқоматӣ ва маркази савдо оғоз ёфт. Ин кор бо маблағгузории соҳибкорон анҷом дода мешавад. Биноҳои якошёна, ки солҳои 40-50-уми асри гузашта дар ин ҷо бунёд ёфта буданд, аз байн бардошта шуданд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсмуҳаммад Назриев гуфт, ки акнун тамоми биноҳои якошёнаи маъмурию истиқоматӣ аз маркази ноҳия бардошта мешаванд. Ба ҷойи онҳо, тибқи нақшаи генералӣ, биноҳои бисёрқабатаи маъмурию манзилӣ бо тарҳҳои муосир бунёд мегардад. Воқеан, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар симои маркази ноҳия тағйир ёфта, ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон