Сокинони деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон бо иштироки меҳмонони зиёд аз дигар манотиқи вилоят ва ҷумҳурӣ 70 — солагии ҳамдиёрашон, ходими давлатию ҷамъиятӣ Охонлал Оламовро ботантана таҷлил намуданд. Ҷамъомад аз маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи ин марди фарзона шуруъ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара муовини якуми раиси ВМКБ Исмоил Орифшоев, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғуломшоева, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳа Хуҷаназар Оламов ва дигарон иштирок доштанд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳа ба исми Охонлал Оламов номгузорӣ шудааст, ки дар қатори беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия қарор дорад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назрулло Ҷонов аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмони мактаб телевизори ранга тақдим кард.
Баъдан, дар боғи падарии О.Оламов ҷамъомад доир гардид. Муовини якуми раиси вилоят Исмоил Орифшоев паёми табрикии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосимро қироат намуд. Дар паём, аз ҷумла зикр гардид, ки имрӯз мо марди наҷиберо ёдоварӣ мекунем, ки тамоми умри пурфайзу баракат, донишу заковат ва дар маҷмуъ ҷавҳари покизагии имони худро сарфи хизмати халқу Ватан намуда, дар саҳифаҳои таърихи он ном ва нақши худро бо меҳнати хоксорона, вале пурсамараш сабт намудааст.
Ӯ яке аз шахсони баруманди на фақат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки тамоми Тоҷикистон буд. Охонлал Оламов аввалин вазири нақлиёти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Ӯ дар замираш орзую ниятҳои зиёде дошт, мехост, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёбад, роҳҳои кӯҳистон ҳама вақт ободу тамоми фаслҳои сол кушода, рӯзгори мардуми диёраш осудаю дастархонашон пурнозу неъмат бошад. Аммо душманони миллат бо амалҳои нопокашон ниятҳояшро дар овони ҷавонӣ зери хок бурданд.
Имрӯз рӯҳи покаш аз он ором аст, ки орзую ниятҳояш ҷомаи амал пӯшидаанд, яъне Шоҳроҳи бузурги Абрешим эҳё гардид, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд ва бо тамоми дунё иртиботи нақлиётию телефонӣ дорад.
Раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғуломшоева аз зиндагинома ва хизматҳои ӯ дар рушди соҳаҳои нақлиёту алоқа, ободии деҳоти кӯҳистон ҳарф зад. Дӯстону ҳамкорон ва пайвандони Охонлал Оламов хотирҳояшонро аз кору рӯзгораш ҳикоят карданд.
Санъаткорони деҳоти ба номи М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон беҳтарин сурудҳояшонро тақдими ҳозирин гардонданд.
Шоҳтолиб ШОҲКОСИМОВ, «Садои мардум»