ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Раиси ВМКБ Қодири Қосим дар бораи ташкил ва гузаронидани Анҷумани байнамилалии иқтисодӣ дар вилоят қарор ба тасвиб расонид. Ҳадаф аз баргузории анҷуман, чуноне дар банди аввали қарор омадааст, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят, мусоидат ба сармоягузории хориҷӣ ва ба роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо минтақаҳои ҳамсоя, мамолики дуру наздик, бартараф намудани мамониатҳо дар ҷалби сармояи хориҷӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва густариш додани сайёҳӣ дар вилоят мебошад. Дар робита кумитаи тадорукот ташкил гардида, аъзои он вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кори омодагӣ ва баргузории анҷуманро таҳия ва ҷиҳати амалисозии он тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд. Мувофиқи накшаи пешакӣ, баргузории анҷуман моҳи августи соли равон дар назар аст.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон