Пули болои дарёи Ванҷ аз ҷумлаи иншооти стратегии минтақа ва дорои аҳамияти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки аз фаъолият бозмондани он метавонад ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти на танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки тамоми ҷумҳурӣ халал ворид намояд. Пули мазкур ҳанӯз соли 1972 сохта, иқтидори борбардориаш ҳамагӣ 18 тонна муқаррар шуда буд. То лаҳзаҳои аз байн рафтани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он боре ҳам рӯйи таъмирро надидааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва кушода шудани Шоҳроҳи Абрешим пули номбурда чанд маротиба азнавсозӣ гардида, тавоноии борбардориаш ба 30 тонна расонида шуд. Вале бо сабаби зиёд шудани автомобилҳои боркаш, ки қудрати борбардориашон беш аз 40 тонна мебошад, ин пул аз нав хароб шуд.
Рӯзҳои охир он тавоноии борбардориашро қариб аз даст дода, гузаштани мошинҳои калонҳаҷми боркаш ғайриимкон гардидаст. Ронандаҳои мошинҳои боркаш, ки минбаъд дарёро убур карда мегузаштанд, бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё дигар гузашта наметавонанд. Вазъи баамаломадаро ба инобат гирифта, бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед комиссияи муштарак ва ситоди доимоамалкунанда бо фарогирии мутахассисони варзида ташкил карда шуд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода якҷо бо комиссияи мазкур, сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, зиёда аз як ҳафта аст, ки ҳамроҳи мутахассисони ватанию хориҷӣ ба ҳалли ин мушкилот машғуланд. Дар ин мавзеъ пули иловагӣ сохта шуд ва ҳаракати шабонарӯзии мошинҳои боркаш таъмин гардид.
Пули пешина низ аз тарафи мутахассисон ба таври зарурӣ таъмир карда шуд ва аз болои он гузаштани нақлиёти миёнавазнро иҷозат доданд. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои дохилии ҷумҳурӣ равуои автомошинаҳои вазни борбардориашон то 40 тонна иҷозат аст. Аз ин рӯ, ҳангоми убури пули мазкур акнун вазни автомошинаҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт баркашида мешавад.
Ҳоло таҳти сарпарастии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеи роҳ сохтмони пули нави замонавӣ ба маблағи 4,5 миллион доллари амрикоӣ бо тавоноии вазнбардориаш то 100 тонна ва дарозии то 130 метр сохта шуда истодааст.
Бо мақсади дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ бунёд намудани иншооти мазкур корҳои пудратиро Ширкати «Чайно-роуд»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба уҳда гирифтааст. Феълан ба корҳои сохтмонӣ беш аз даҳ мошину механизмҳои замонавӣ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хитойӣ сафарбар шудаанд. Сатҳу сифати корҳо бо дарназардошти талаботи роҳсозӣ таҳти назорати комиссияи Ҳукуматӣ қарор дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ ҳоло ба таври шабонарӯзӣ идома доранд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»