Афзоиши рӯзафзуни мошинҳои мусофирбар ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои шаҳри Хоруғ бо мушкилӣ мувоҷеҳ месозад. Ба қавли коршиносон дар бештари маврид мошинҳои мусофирбар аз деҳоти атроф низ вориди хатсайри шаҳрӣ гардида, низоми ҳаракатро боз бештар халалдор месозанд. Ин масъала дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати масъулини ниҳодҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мудири шуъбаи дастгоҳи раиси вилоят Иброҳимбек Ғозибеков вазъи ҳаракати нақлиёти мусофирбарро шарҳ дода, баён дошт, ки бар замми мошинҳои ширкатҳои мусофирбари шаҳрӣ ба хатсайри мазкур ҳамчунин ронандагони дигар бидуни иҷозат ворид гардида, дар ин самт хараҷу мараҷи зиёдро ба бор меоранд. Иддае аз ронандагон то охири хатсайр нарасида, мусофиронро аз мошин берун мекунанд, ки ин боиси ғазаб ва нороҳатии онҳо мегардад. Чанд сол пеш масъалаи мазкур ба як низом оварда шуда буд, аммо имрӯз аз фориғболии масъулин истифода карда, ронандагон танҳо то нисфи роҳ ҳаракатро идома медиҳанд.
Дар ҷаласа ба масъалаи пардохти роҳкиро низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки ронандагон аз нафаре, ки ҳамагӣ то як километр савори мошин мешаванд, як сомонию панҷоҳ дирам мегиранд ва аз нафаре, ки то охири хатсайр меравад, низ ҳамин қадар маблағ меситонанд. Ба ташкилотҳое, ки ба назорати роҳкиро сарукор доранд, дастур дода шуд, ки вазъро омӯхтаву таҳлил намуда, хулосаи худро ба комиссияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод намоянд.
Дар бораи он ки мошинҳои мусофирбар то охири хатсайр ҳаракат намекунанд, тасмим гирифта шуд, ки дар ояндаи наздик дар истгоҳҳои аввалу охир нуқтаи назоратӣ таъсис дода шавад ва кормандони ин нуқтаҳо мошинҳоро сабти ном кунанд. Дар ҳолати вайрон кардани ин қоида ронандагон аз хатсайр берун карда мешаванд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар зудтарин фурсат вазъро ба эътидол оранд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»