Ба оилаҳои намунавӣ мукофотҳо тақдим мекунанд

№57 (3042) 14.05.2013

Дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба омодагӣ ва таҷлили иди байналмилалии Рӯзи оила мудири шуъбаи занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят Меҳрӣ Ғуломшоева маълумот дода, зикр кард, ки чорабинии мазкур 15 май дар боғи фароғатии «Сирена» баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ оилаҳои барӯманду солим аз тамоми ноҳияҳо ва маҳаллаҳои шаҳр иштирок мекунанд. Аз рӯйи нақша, ҳар як идораи вилоят вазифадор аст, кормандони беҳтаринро, ки оилаи намунавӣ доранд, дар Рӯзи оила муаррифӣ намояд. Вобаста ба ин, оилаҳои интихобгашта дастранҷ ё маҳсули эҷодии худро, аз қабили нигораҳои дастӣ тайёркарда, ифтихорномаю мукофотҳои давлатӣ, ки аъзои оила дар ягон озмуну бозиҳои варзишӣ ба даст овардаанд, кори илмӣ, маҳсулоти қаннодӣ, омода кардани хӯрокҳои миллӣ ва дигар чизҳои муҳим, ки лоиқи пешкаш кардан доранд, ба маърази тамошо гузоранд. Ба оилаҳои намунавӣ мукофотҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда мешаванд.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»