Доир ба ақлу хирад, ҷавонмардиву хештаншиносӣ, ватандӯстӣ аз ниёгонамон мероси пурарзиш боқӣ мондааст ва он имрӯз ҳам қимати бебаҳо дошта, шоистаи ибрат аст.
Аммо бархе ба истилоҳ «ҳамватанон»-и мо дур аз Ватан ба миллати худ санги маломат мезананд, авзои солиму ваҳдати ҷомеаро халалдор кардан мехоҳанд.
Мушкилиҳо дар зиндагӣ ҳастанд. Албатта, он душворӣ ва сангиниҳои талхи бар сари миллат омадаро ҳар як фарди ҷомеа медонад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки ҳар як шахси ватандӯст бояд таърихи гузаштаи худро донад ва аз гузашта ибрат гирад, дӯстро аз душман фарқ карда тавонад, зеро душманони миллат бо ҳар восита мехоҳанд, ки ин миллати баҳамомадаро дубора шӯронанд ва ниятҳои ғаразноки худро амалӣ кунанд.
Онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардум имрӯз аз гузаштаи талхи худ дарси ибрат гирифтанд ва ҳеҷ гоҳ пойбанди чунин шахсони шӯрангез нахоҳанд шуд.
Хислати наҷиб ва азалии ниёгонамон моро роҳнамун сохт, ки ҳама ихтилофро як сӯ гузорему бо ҳам оем, дӯсту тифоқ гардем.
Рӯзҳои аввали сарварии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ даъват мекард. Хушбахтона, бар хилофи пиндошти бадхоҳони миллату давлат ақлу заковати солим ғалаба кард.
Ватан барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст. Аҷдодони гузаштаи мо тамоми сахтӣ, ғурбатро паси сар намуда, дар куҳу камар маскан гирифтанд, лекин Ватанро тарк накарданд, онро аз аҷнабиён муҳофизат намуданд.
Ин аст, ки мардуми бонангу номуси мо алорағми нияту қасди ғаразноки баъзе «ватанпарастон» ба меҳнати созанда машғуланд. Онҳо барои худ ва хушбахтии насли оянда Ватанро бо дастони худ обод мегардонанд.
Ҷумъахон НАЗАРБЕКОВ,
корманди масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим