Ӯ Бадахшонро муаррифӣ мекард

№28 (3013) 08.03.2013

Бо ин марди ҳунар ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ ошно гардидем. Он солҳо хонандагони синфҳои болоиро ба узвияти комсомол қабул мекарданд ва барои гирифтани сурат барои билети комсомолӣ суратгирро аз шаҳр даъват мекарданд.

Дар он вақт дар ноҳияҳо суратгир набуд. Дар шаҳр як- ду суратгир бошанд ҳам, ба талаби замон ҷавобгӯ набуданд. Бахусус, расм барои билети партиявӣ ва комсомолӣ нозукиҳои худро дошт. Ягона шахсе, ки ин мушкилиро осон мекард, Озодбек буд. Ӯ дар комбинати хизмати маишии шаҳри Хоруғ суратгир шуда кор мекард.

-Рӯзе, ба ёд меорад Озодбек, -котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Хоруғ, баъдан раиси ноҳияи Шуғнон шодравон Шофақир Ҷумъаев наздам омаду пурсон шуд, ки чӣ хел ман суратгир шудам. Оё аз супориши ӯ баромада метавонам ё не. Ман аввалан мақсадашро нафаҳмидам, баъд худаш иброз намуд, ки барояш суратгире лозим аст, то барои билети комсомолӣ расм гирифта тавонад. Хуб шудааст гуфта, аз пайи кор шудам. Рӯзи дигар даҳ нафарро оварду гуфт, ки расмашонро гираму худро санҷам, ки аз уҳдаи ин кор баромада метавонам ё не. Толеам баландӣ карду аз имтиҳони нахустин гузаштам. Ҳамин тариқ, суратгири кумитаи комсомолии шаҳри Хоруғ, ки он вақт ноҳияи Шуғнон ва Роштқалъа низ дар тобеияти шаҳр буданд, интихоб шудам. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳамроҳи кормандони кумитаи комсомоли шаҳр ба ноҳияҳо рафта, сурат мегирифтем. Ҷавон будам, бо мардуми зиёд ошноӣ пайдо намудам ва аз касбам фахр мекардам. Бояд гӯям, ки дар ин ҷода тақдирҷунбонам Шофақир Ҷумъаев буд. Вақте ӯ фаҳмид, ки ман Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 5-и шаҳри Душанберо бо ихтисоси суратгир тамом кардаам, муносибаташ ба ман боз ҳам хубтару беҳтар гардид. Минбаъд, дигар бо ҳидояташ гирифтани расм барои билети партиявӣ ҳам ба дӯши ман афтод. Ҳамин тариқ, майдони суратгириам васеъ гашт. Ноҳия ба ноҳия гашта, расм мегирифтам ва шабҳо то субҳ онро тайёр мекардам.

Он солҳо расм гирифтан ва онро аз чоп баровардан кори саҳл набуд. Лозим омад чанд намуди маҳлули химиявиро тайёр карда, дар чанд намуди коғази махсус онро ба чоп мерасондем. Бо болокории ин, чопкунӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонд. Вале чун ҷавон будем ва ба суратгирӣ шавқи беандоза доштем, ба зарари он диққат ҳам надодем. Дар баробари расм барои билети комсомоливу партиявӣ, расмҳои манзаравӣ ва шахсони алоҳидаро мегирифтаму бе пул тақсим мекардам. Аллакай дар ҷодаи суратгирӣ таҷрибаи бой пайдо намуда, дар кадом шакле ки мизоҷ мехост, сураташро мегирифтам.

Барои саъю кӯшиш дар ҷодаи суратгирӣ маро узви кумитаи комсомолии шаҳри Хоруғ интихоб карданд ва солҳои зиёд ҳамчун узви он дар корашон дастёр будам,- мегӯяд Озодбек.

Оре, Озодбек Қобилбеков ҳамчун ҷавони баркамол ва серғайрат ба ҷуз кор дар комбинати хизмати маишӣ, ҳамчун ташкилотчии моҳир дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кард. Баъди се соли фаъолият дар комбинат масъалае ба миён омад, ки рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» бояд суратгири касбӣ дошта бошад, то ки намуди он чун дигар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ беҳтар ва шавқовартар гардад. Боз шодравон Шофақир Ҷумъаев василагари он гардид. Ӯ дар бюрои кумитаи комсомолии вилоят масъала гузошт, ки Озодбек Қобилбеков бояд мухбири суратгири рӯзномаи вилоятӣ таъин гардад. Ин дастури ӯро сармуҳаррири онвақтаи рӯзнома Нусратулло Дорғабеков пазируфту Озодбек Қобилбеков соли 1975 мухбири суратгири «Бадахшони советӣ» таъин гардид.

шошка1

Озодбек аз рӯзи аввали ба идораи рӯзнома қадам мондан худро ҳамчун устоди касб муаррифӣ кард. Дар муддати на чандон зиёд саҳифаҳои рӯзнома бо аксҳои гирифтааш рангину хонданибоб гаштанд. Қаҳрамонҳои нав рӯйи чоп омаданду Озодбек яке аз беҳтарин суратгирони вилоят шинохта шуд. Акнун на танҳо аксҳои гирифтааш дар саҳифаи рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ, балки дар саҳифаи рӯзномаи бонуфузтарини ҷумҳурӣ — «Тоҷикистони советӣ» низ чоп шуд. Рафта-рафта суратҳояшро аз рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият», «Совет Тоҷикистони», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Агитатори Тоҷикистон» ва ғайра талабгорӣ карданду чоп мешуд. Вале барояш аз ҳама рӯзи фаромӯшнашаванда он буд, ки расмҳояш ба муносибати 50-солагии Бадахшон дар журнали бонуфузтарин Иттиҳоди Шӯравӣ- «Огонёк» чоп шуданд. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки аксҳои гирифтааш дар бораи Помир ин қадар зиёд дар журнал рӯйи чоп меоянд. Аз он рӯз сар карда, дигар аз тамоми маҷаллаву рӯзномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба суроғаи Озодбек мактубу дархости зиёд меомад ва аз ӯ хоҳиш мекарданд то барояшон аз ҳаёту мамоти Помир суратҳо фиристонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Минбаъд доираи суратгириаш васеъ ва Озодбеки суратгир бо расмҳои гирифтагиаш шуҳратёр гашт.

Боре суратгири онвақтаи ТоҷикТА Муҳиддин Олимпур ба ӯ занг мезанад ва хоҳиш мекунад, ки расмҳои дар ноҳияи Мурғоб гирифтааш хуб набаромаданд ва заҳматҳояш барабас рафт. Аз ин хотир, илтиҷо кард, ки ӯро дастгирӣ кунад. Озодбек субҳи барвақт ба мошин ҷониби Мурғоб рафт ва баъди як ҳафта супориши ҳамкорашро ба ҷой овард. Сурати беҳтаринаш дар бораи қутоспарвари машҳур, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Бахтдавлат Муродбеков бо манзараи зебои Булункӯли Мурғоб буд, ки барои тамоми суратгирони ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») намуна гашт. Минбаъд суратҳояш ба воситаи ТоҷикТА ба тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он паҳн мешуд.

Ҳар ҳафта, ки маҷлиси хурди сармуҳаррир (летучка) баргузор мегашт, сухан аз кори хуби суратгир Озодбек мерафт. Ӯ бо хислати хуб ва иҷрочигиаш барои ҳайати эҷодии рӯзнома ҳамеша намуна буд. Аҷибаш он буд, ки вақти ба сафари хизматӣ рафтанаш барои ҳар як ноҳия дафтари алоҳида мекарду дар бораи пешқадамони хоҷагии халқ аввал маълумоти муфассал ҷамъ меовард ва баъдан сураташро мегирифт. Озодбек дар утоқи кориаш барои ҳар як ноҳия феҳрист ташкил мекард. Ҳатто мухбирони рӯзнома ҳангоми навиштани хабар ба ӯ муроҷиат карда, факту далели саҳеҳ мегирифтанд.

Ҳар гоҳ ки рӯзноманигорон ба ноҳияҳо ба сафари хизматӣ мерафтанд, роҳнамояшон суратгир Озодбек Қобилбеков буд. Ӯро дар ҳар ҷо хурду бузург мешинохт, ҳурмату эҳтиром мекард, бинобар ин кори мухбиронро ҳам осон мекард.

Агар гӯем, ки тамоми Бадахшонро панҷ панҷа барин аз ёд медонист, хато намекунем. Барои ҳамин Муҳиддин Зоҳиров котиби онвақтаи аввали ҳизби коммунисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба аҳли эҷоди рӯзнома эътиқоди зиёд дошт, дар ҳар сафараш ба ноҳияҳои вилоят ҳатман мухбири суратгир Озодбекро бо худаш мебурд. Маҳз ҳамин назари нек нисбати ӯ буд, ки Озодбек ба беҳтарин дастгоҳи суратгирӣ ва чопкунӣ соҳиб шуд ва кори рӯзномаи вилоятӣ боз ҳам беҳтару хубтар гардид. Бо супориши Муҳиддин Зоҳиров Озодбек бойгонии суратҳоро ташкил кард ва ҳатто ба ӯ иҷозат дод, ки аз бойгонии ҳизбӣ, ки тамоман махфию дастнорас буд, расмҳои даркории шахсони таърихиро аз нав чоп карда, дар бораи онҳо гӯшаҳо ташкил намуд ва ба ҳамин минвол номашонро зинда мекард. Маҳз чунин хизматҳо ва дастгириҳо буданд, ки осорхонаи вилоят пур аз расмҳои шахсони таърихӣ ва шинохтаи вилояту ҷумҳурӣ гашта, дар як утоқи алоҳида ҷой дода шуданд ва муаллифашон Озодбек Қобилбеков буд.

Бо супориши Муҳиддин Зоҳиров дар бинои нави идораи рӯзномаи «Бадахшон» барои Озодбек Қобилбеков лабораторияи чопи суратҳоро ташкил намуданд, ки он беҳтарин таҷҳизот дошт. Ду ҳуҷраи корӣ дар ихтиёраш буданд. Умуман, Муҳиддин Зоҳиров журналистонро нағз медид ва ҳурмат мекард. Ногуфта намонад, ки маҳз бо дастгирии ин марди бофарҳангу бунёдкор мухбири суратгир Озодбек Қобилбеков соҳиби хонаи сеҳуҷрадор шуд.

Дар тӯли қариб бист соли мухбири суратгир буданаш Озодбек Қобилбеков ҳамчун инсони хоксору устоди баркамол ва меҳрубону дилсӯз байни аҳли қалами вилоят ва ҷумҳурӣ соҳиби эҳтироми хоса гардид. Ӯ дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ба синни мубораки 60 қадам мегузорад. Мо ба ин марди соҳибкасбу соҳибҳунар, ки умре дар ҷодаи журналистӣ хизмати беандоза дорад, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем, зеро аз хизмати шабонарӯзии ӯ ҳар як саҳифаи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», ки дар тӯли 20 сол он ҷо фаъолият дошт, бо суратҳои имрӯз нодираш нақлу ҳикоят мекунад. Ҳамкоронаш аз сафарҳои ҳамроҳ буда, лаҳзаҳои пурҳаяҷонро ба ёд меоранду қиссаҳо мекунанд. Аз ин шарафи бузургтаре барои Озодбек дар зиндагӣ нест. Вай дар зиндагӣ аз ҳама чиз бархӯрдор асту шикоят надорад. Ҳар гоҳ ки бо ӯ вомехӯрем, устодони сахтгиру меҳрубон ва ҳамкоронашро ёд мекунад, ки барои ӯ роҳи зиндагӣ нишон медоданду ӯро машҳур карданд.

Суратгири шинохта Озодбек Қобилбеков бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони СССР, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардидааст, вале мукофоти зиндагӣ ин эҳтироми ӯ байни мардуми Бадахшон аст.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»