Муовини сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хушназар Абдураҳимов соли сипаригардидаро барои роҳсозон соли бобарор арзёбӣ намуд. Бо вуҷуди мушкилоте, ки боришоти зиёди барфу борон ба вуҷуд оварданд, роҳсозон тавонистанд дар минтақаи Дарвоз тамоми сол ҳаракати муътадили нақлиётро таъмин намоянд. Ба зиммаи роҳсозон вазифаи масъул-тамоми сол кушода нигоҳ доштани роҳи Кулма – Хоруғ гузошта шудааст ва бояд зикр кард, ки айни ҳол ин қисмати роҳ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта мешавад ва даҳҳо техникаи пурбор тавассути он рафтуомад доранд. Айни замон бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ағбаҳои Кутезаку Кулма техникаи иловагӣ оварда шудаанд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ,
«Садои мардум»