Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа дар байни аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Имрӯз ҳар як зиёии баору номус дар ҳошияи ин суханрониҳо мавқеи худро муайян месозад. Дар ин хусус суҳбате доштем бо сардори Раёсати фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоири шинохта Муҳиддин Пайшанбе.
-Муҳиддин Шоҳинбодович, ме-хостем нахуст бардошти шуморо аз ин мулоқоти пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бифаҳмем.
-Ман ин мулоқоти хеле олимонаву самимонаро пурра аз тариқи телевизион тамошо ва гӯш кардам ва мехостам суханамро аз охирсухани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз кунам. Ҷаноби Олӣ хеле хуб фармуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистонро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем».
Ин муроҷиат ҳар як зиёиро водор месозад, ки мавқеи худро изҳор кунад ва нуктаҳои ин мулоқотро барои мардум бифаҳмонад, зеро рисолати ҳар як зиёӣ дар ҷомеа ҳамин аст. Дар ин мулоқоти судбахш аз тарафи Президент муносибати дин ва давлат ба таври муқоиса бо солиёни пешин хеле хуб таҳлил гардид. Ҳақиқатан ҳам дар даврони Истиқлолият муносибати давлат нисбати арзишҳои динию фарҳангӣ куллан тағйир ёфт. Арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон, эҳёи русуми авлодӣ ба баланд шудани савияи худшиносии насли ҷавон бетаъсир намонд. Танҳо тавассути баракати Истиқлолият ва кӯшишҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон исмоилиёни Бадахшон баъди қарнҳо бо пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV дидор ба амал оварданд ва дар шаҳри Душанбе Маркази исмоилия бунёд гардид. Имрӯз исмоилиёни Тоҷикистон озодона метавонанд суннатҳои мазҳабии худро анҷом бидиҳанд. Озодии виҷдон ҳамин аст.
-Шумо аз эҳёи суннатҳои фар-ҳангӣ дар давраи Истиқлолият ёдовар шудед. Мехостам ин нуктаро васеътар шарҳ диҳед.
-Тавре дар мулоқоти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала сухан рафт, яке аз суннатҳои бузурги фарҳангии мардуми тоҷик ин эҳёи Наврӯзи Аҷам буд. Наврӯз таърихи чандинҳазорсола дорад ва танҳо ба шарофати Истиқлолият мардуми тоҷик имкон ёфт, ки Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, пирӯзии рушноӣ бар торикӣ бо тамоми суннатҳояш таҷлил намоянд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ин маънои эътирофи таърихи пурғановати миллати тоҷик аз тарафи ҷомеаи ҷаҳониро дорад. Ин аст, ки ин ҷашни бузург сол аз сол бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтем, ки имрӯз аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ «Фалак» ва «Шашмақом» садо медиҳанд.
Соли гузашта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯз бо беҳтарин суннатҳои қадимааш бо созу мусиқӣ ва ба таври театрикунонидашуда таҷлил гардид. Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фестивалҳои «Фалак», «Даргилик» ва «Дафсоз» доир шуданд. Ин суннатҳои фарҳангӣ ҳамчун мероси қадима маҳз ба шарофати Истиқлолият аз нав ба роҳ монда шуданд.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистонро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Мехостем андешаи шуморо оид ба мақоми илм, адаб ва санъат дар ҷомеаи имрӯза бифаҳмем.
-Дар мулоқоти анҷомдодашуда таъкид гардид, ки олимон, шоирон ва умуман аҳли эҷод дар пешрафти маънавиёти мардум нақши бориз доранд. Илм чароғест, ки бо нури маърифати хеш ҷомеаро рушан мекунанд. Беҳуда нафармудаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Аҳли адаб ва санъат низ ҳамчун зиёӣ рушангари зиндагии маънавии мардуманд ва шиносномаи миллатанд.
Мо хушбахтем, ки имрӯз шоирони шинохтаи зиёде дорем, ки метавонанд ин созандагиро бо забони ширини шеър ба мардум бозгӯ намоянд. Бузургворе фармудааст: «Худованд дар саройи худ ганҷҳои ниҳон дорад, ки калиди он дар дасти шеър аст». Хушбахтона, дар даврони Истиқлолият дар Бадахшон низ бахши Иттифоқи нависандагон ташкил гардид ва имрӯз зиёда аз даҳ нафар шоирону нависандагони тавоно узви ин иттифоқи бонуфузанд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ шабҳои адабии шоирону нависандагони номдори Бадахшон, аз қабили Мамадалишо Ҳайдаршо, Тилло Пулодӣ, Ато Мирхоҷа, Хушомади Алидод, Руқияи Давроншо, Алидоди Чароғабдол, Пайшанбе Шоҳзода дар маркази вилоят -шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо баргузор гардид. Инчунин зодрӯзи дигар ходимони ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронида мешаванд, ки ба ҳозирин таассуроти нек мебахшанд.
Хулоса, имрӯз илму адаб ва санъат дар ҷомеа мақоми хоси худро дорад, ки аз ин неъмати беҳтарине нест. Аз ин хотир моро зарур аст, ки чун устод Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, чун Миршакару Тилло Пулодӣ тараннумгари ҳаёти созандаи даврони худ бошем. Рисолати аҳли адаб дар замони имрӯза аз ҳамин иборат аст.
-Назари шумо ба ислом ва муносибати давлат ва дин?
-Ислом, пеш аз ҳама фарҳанг аст ва дар зоти худ беайб аст. Ба андешаи ман, ислом бояд аз ҳама гуна олудагиҳо ва махлутшавиҳо дур бошад.
Эҳтиром намудани ислом ва арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба он буд, ки дар Тоҷикистон ақли солим ғолиб омад. Имрӯз давлат ба дин ҳамчун як рукни асосии фарҳанги миллӣ муносибат дорад. Онро на танҳо аз ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандони худ дур насохтааст, балки дар бахшҳои фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бо дигар созмону иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории зич дорад ва ба фикрам ин беҳтарин кори давлати дунявии мо нисбати дин мебошад.
Агар такрор ҳам шавад, ифтитоҳи Маркази фарҳангии исмоилиён дар шаҳри Душанбе ва фаъолияти 73 ибодатгоҳи пайравони ин мазҳаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти озодонаи ибодатгоҳҳои намояндагони динҳои дигар нишонаи эҳтироми давлат ба дини мубини ислом ва таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба динҳои дигар мебошад.
Аммо ашхоси ифротангезе ҳастанд, ки бо андешаи тангнигоҳиашон ба дини мубини ислом иснод меоваранд. Аз давлати демократӣ, дунявӣ ва озод истифода карда, аз чаҳорчӯбаи ислом берун амал мекунанд. Мехоҳанд бо истифода аз ислом мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ созанду мардумро ба ҷудоиандозӣ даъват намоянд, ки мутмаинам ин нияти ғаразноки онҳо ҳеҷ вақт амалӣ нахоҳад гашт. Ҳеҷ як мусулмон намехоҳад зери ҷаҳолат ва нодонӣ бошад.
Андешаҳои баъзе доираҳои танги динӣ аст, ки ҷашни ҷаҳонигардидаи Наврӯзро барои мусулмонон бегона мешуморанд. Ин, албатта, хаёли ботил аст. Наврӯзро ҷаҳон эътироф кард ва он яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон буд ва хоҳад монд.
Моро имрӯз лозим аст, ки ҷавононро дар руҳияи арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихор ба таърих, фарҳанг, пос доштани ваҳдату ягонагӣ, дӯст доштани ватану миллати азизи хеш ҳидоят намоем.
Дар интиҳо бояд зикр кунам, ки вохӯ-рии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа як таконе буд барои парҳезгорӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии миллати тоҷик.
-Муроҷиати шумо ба хонандагони рӯзномаи «Садои мадум»?
-Мехостам бо як шеъри навам ба хонандагони арҷманд дар тамос бошам.
Ба ин обу ба ин хоки Ватан шукрона бояд кард,
Барои сабзии марзи куҳан шукрона бояд кард.
Сухан озод, дин озод, обод аст мулки мо,
Ба ин озодии дину сухан шукрона бояд кард.
Гузаштан бояд аз ин ман-маниву нотифоқиҳо,
Барои якдилии мову ман шукрона бояд кард.
Китоб омад, рубоб омад, ҳама хайру савоб омад,
Барои пешрафти илму фан шукрона бояд кард.
Парешонхалқро бо ҳам намуду анҷуман орост,
Барои Сарвари ин анҷуман шукрона бояд кард.
Мусоҳиб Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»