Дар шаҳри Хоруғ дар даврони Истиқлолият иншооти зиёди аҳамияти иҷтимоӣ — иқтисодидошта бунёд гардиданд, ки яке аз онҳо қасри варзиш мебошад.
Хишти нахустини ин қасри варзиш бо ширкати Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
Барои бунёди ин иншооти азим аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Тибқи нақша бинои ин маҷмаа бояд моҳи июни соли равон мавриди истифода қарор гирад. Ҳоло ба хотири амалӣ гардидани ин нияти нек 120 нафар мутахассисону коргарон дар ду баст меҳнат карда истодаанд. Дар ин ҷо ба хотири сари вақт сомон додани корҳо техникаи зарурии сохтмонӣ мавҷуд аст. Барои коргарон беҳтарин шароит муҳайё мебошад. Аксарияти коргарон аз деҳоти дурдастанд. Онҳо бо ҷойи хобу ғизои гарм таъмин буда, маоши хуб мегиранд. Қасри варзиш барои ду ҳазор нафар бунёд мегардад.
То имрӯз дар ҳаҷми ҳашт миллион сомонӣ корҳо ба сомон расидаанд. Тавре масъулини сохтмон иттилоъ доданд, аксари қисматҳои бино болопӯш гардидаанд ва барои болопӯш кардани толори асосӣ мутахассисон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват шудаанд.
Шоҳтолиб ШОХҚОСИМОВ, «Садои мардум»