Бо ташаббуси сокинони деҳаи Сумҷеви деҳоти Қурбоншоҳ Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия таъмиру сохтмони роҳи ҳудуди деҳа оғоз гардид. Бояд зикр кард, ки деҳаи Сумҷев дар масофаи 15 км аз шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, солҳои қаблӣ ба ин деҳаи баландкӯҳ роҳи мошинагард сохта шуда буд. Аммо ин роҳ асосан талаботи сокинони деҳаи Сумҷеви болоро қонеъ мекарду халос. Илова бар ин роҳи сохташуда мавсимӣ буда, дар фасли зимистон бо боридани барфи зиёд маҳкам мешавад. Сокинони қисмати поёнии деҳа аз роҳи мазкур истифода карда наметавонанд.
Раиси деҳаи Сумҷеви поён Ахмед Рамазоншоев аз раванди таъмири роҳ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба гуфти сокини ҳамин деҳа Меҳробшоҳ Меҳробшоев, бунёди роҳ мушкилоти онҳоро аз миён бардошт, зеро пештар сокинон бо машаққат, пиёда молҳои ниёзи худро ба деҳа мерасонданд. Имрӯз бошад, ин мушкилӣ бартараф мегардад.
Сокинони деҳа ният доранд таъмири ин роҳро дар самти дигари бехатар низ, ки дар зимистон кушода аст, идома диҳанд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»