«Сағирдашт» аз калонтарин деҳоти ноҳияи Дарвоз ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ноҳия хеле ободу зебо ва сатҳи зиндагии мардумаш низ беҳтар гардид. Қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар бораи нақша — чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии деҳоти «Сағирдашт»- и ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2008-2015» ба рафти бунёдкориву ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи рӯзгори сокинони деҳоти номбурда такони ҷиддӣ бахшид.
Соҳаи асосии хоҷагии халқи деҳоти мазкур зироаткорию чорводорист. Имрӯз сокинони деҳот дорои 4259 сар чорвои калони шохдор, 16203 сар чорвои хурд, 160 сар асп, 7869 адад мурғ, 1858 оила занбӯри асал мебошанд. Танҳо дар ду соли охир дар деҳоти «Сағирдашт» як сехи коркарди пашм, як дӯкони фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 15 мағоза, чор ошхона, як суратгирхона бунёд гардидааст. Ҳамчунин хати интиқоли барқии 35 кВт-и «Тавилдара-Сағирдашт-Қалъаихум» таъмир ва симчӯбҳо бо пояҳои оҳанин иваз карда шуданд.
Солҳои наздик, тибқи нақша дар деҳоти «Сағирдашт» бояд 100 гектар замини бекорхобида мавриди истифода қарор гирад. Аллакай дар шаш гектари он кишти картошка гузаронидаанд. Ҳамзамон дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн бояд 30 гектар боғ бунёд гардад, ки аллакай дар панҷ гектари он ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шудааст.
Аз рӯйи нақша бояд то соли 2015 пулҳои Фаркинг ва Лаби ҷар – Тавилдара – Дарвоз барқарор гарданд. Роҳи Дударгӣ — Сағирдашт васеъ карда мешавад. Дар маркази деҳот меҳмонхона, сехи коркарди тилло, китобхона, дар деҳаҳои Клумбаи боло бо иқтидори 250 кВт, Таги Сайдон 250 кВт ва Садиқа 400 кВт неругоҳҳои хурди барқӣ, дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн сехи коркарди мева, инчунин дар ҳудуди деҳот сехҳои коркарди пӯсту пашм, дӯзандагӣ, бинои маъмурии деҳоти «Сағирдашт», ҳаммом, корхонаи коркарди пиёзи анзур бунёд мегарданд. Дар деҳоти мазкур, инчунин хоҷагии занбӯриасалпарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва моҳидорӣ ташкил карда мешаванд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»