Дар маркази таълимии филиали БДАТ «Амонатбонк»-и шаҳри Хоруғ Форуми ҷаҳонии сармоягузории «Помир Инвест-2014» баргузор гардид. Дар кори Форум 180 нафар намояндагони сафоратхонаҳои як қатор давлатҳо, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, донорҳо, соҳибкорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Пеш аз оғози Форум соҳибкорону ҳунармандон маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва меҳмонону иштирокдорони Форум онро бо мароқи зиёд тамошо карданд.
Кори Форум бо суханронии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед оғоз ёфт. Раиси вилоят баъди хайрамақдами меҳмонон гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираҳои нодири табиӣ дошта, яке аз минтақаҳои ояндадори Тоҷикистон ба шумор меравад. Мавсуф таъкид кард, ки рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи дохилию берунӣ дар иқтисодиёт, пеш аз ҳама, дар истеҳсолоти воқеӣ ва сайёҳӣ, дар ояндаи наздик аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боқӣ мемонад. Ҳадаф аз баргузории ин Форум такон бахшидан ба ташкил ва рушди истеҳсолоти воқеӣ дар заминаи захираҳои табиии мавҷуда бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мебошад.
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руслан Шодиков, роҳбари Барномаи иқтисодии Бюрои САҲА дар Душанбе Жорж Санд ва роҳбари Барномаи VSO Алишер Муродҳусейнов низ дар кори Форум иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, мавзӯъҳо «Дар бораи фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ВМКБ барои давраи то соли 2020» аз ҷониби сардори Сарраёсати сармояҳо ва танзими кумакҳои берунии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодиров ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Исрор Исроров муаррифӣ шуданд.
Директори иҷроияи Ассотсиатсияи операторони сайёҳии ПЭКТА Асадшо Зоолшоев мавзӯи «Дурнамои рушди сайёҳӣ ва имкониятҳои беҳтар намудани фазои сармоягузории он»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» Айдибеки Бекмуродӣ оид ба имконият ва дурнамои минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» суханронӣ кард. Директори генералии Ширкати барқии «Помир энерҷӣ» Далер Ҷумъаев ва директори кулли Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон Кишвар Абдулалишоев дар муаррифиномаҳояшон оид ба Барнома ва нақшаҳои Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодии манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон ва рушди соҳибкории хурду миёна дар минтақа ҳарф заданд. Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони «Милал–Интер» Боймамад Алибахшов оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ, вазъ ва дурнамои рушд сухан ронд.
Дар рӯзи аввал иштирокдорони Форум ба се бахш – рушди устувори соҳаи истеҳсолоти воқеӣ, роҳҳо ва имконияти ҷалби сармоя, сайёҳӣ ва инфрасохтори он, тиҷорат барои ҳама, эҳё ва рушди шуғлҳои мардумӣ, ҳамкории минтақавии иқтисодӣ – тиҷоратӣ, имконияти муҳими ҷалб ва истифодаи босамари сармоя ҷудо шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар се бахш қариб 30 нақша–бизнеси соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Даҳ муаррифинома оид ба ташкили истеҳсолоти воқеӣ, аз ҷумла истеҳсоли гипсокартон, хишт, коркарди меваю сабзавот, рушди чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ, баррасӣ гардид. Арзиши ҳар кадоме аз ин нақшаҳо аз 20 то 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин бахшҳо, бахусус оид ба вазъи имрӯз ва фардои минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», гуфтугузори ҷиддӣ сурат гирифт.
Дар бахши сайёҳӣ лоиҳаҳо оид ба имконоти рушди сайёҳӣ дар заминаи обҳои гарму шифобахши Помир, сайёҳии экологӣ пешниҳод гардиданд. Ба таваҷҷуҳи ҳозирин лоиҳаи нақшаҳои алоҳида оид ба кӯли Сарез пешниҳод шуданд. Иштирокдорони бахши тиҷорати минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар муҳокимаи мавзӯъҳои пешниҳодгардида хело фаъол буданд. Дар ин бахш соҳибкорон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат доштанд.
Соҳибкорони вилояти Суғд оид ба тайёр намудани қолинҳои гуногун маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки соҳибкорони Бадахшон низ метавонанд таҷрибаи онҳоро дар ин самт аз худ намоянд. Онҳо ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки хазинаи дастгирии соҳибкорон бо истифодаи имкониятҳои Хазинаи Оғохон, дигар сармоягузорону донорҳо ташкил карда шавад. Дар ин бахш бизнес – нақшаҳо оид ба коркарди меваю сабзавот пешниҳод гардид ва соҳибкор аз Ҳиндустон ба омӯзиши лоиҳа дар ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ мароқ зоҳир намуд. Иштирокчиёни ин бахш боз аз хусуси мушкилоту монеаҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бо минтақаҳои марзии давлатҳои ҳамсоя ёдовар гаштанд.
Дар нимаи аввали рӯзи дуюм иштирокчиёни Форум аз шифохонаи «Гармчашма», Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, бозори марзии Тем, Осорхонаи вилоятӣ ва Боғи фароғатӣ — истироҳатии шаҳри Хоруғ дидан намуданд.
Дар Форум қариб 20 меморандум ва протокол байни сармоягузорону соҳибкорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷи он ба имзо расид. Бо мақсади рушди минбаъдаи тиҷорат, аз байн бурдани монеаҳои мухталиф, аз ҷумла монеаҳои маъмурӣ иштирокдорони Форум тавсияҳо қабул намуданд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода кори Форумро ҷамъбаст карда, бо боварӣ изҳор намуданд, ки минбаъд Форум характери доимӣ пайдо мекунад ва ҳамчун як пули самарабахши ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон мегардад.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»