Оила барпо намудан мақсади ҳар як инсон мебошад. Ҳар ҷавоне, ки ба синни балоғат мерасад, дар дил орзуи оила барпо намудан, хушбахт шудан, фарзандони солиму солеҳ ба дунё оварданро мепарварад.
Падару модар баҳри хушбахтии фарзандонашон кӯшишҳои зиёд менамоянд, гарчанде бархе аз онҳо дар ин саҳмгузориҳо ба хатоҳои ҷиддӣ ва ислоҳнопазир роҳ медиҳанд. Яке аз иштибоҳҳои волидайн ин аст, ки онҳо фарзандонашонро бо хешу таборони наздикашон хонадор месозанд.
Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки вақти хонадоркунии ҷавонон нақши асосиро мавқеъ ва майли падару модар мебозад ва ҷавонон аз интихоби онҳо сарпечӣ накарда, ин амалашонро дурусту хирадмандона дониста, хомӯширо пеша месозанд. Албатта, ин аз як ҷиҳат хуб аст, ки ҷавонони саодатманди мо ба гуфтаи волидайни худ гӯш мекунанд ва ин аз ақлу заковат, эҳтироми фарзандони тоҷик нисбати онҳо шаҳодат медиҳад. Вале ҷавонон бояд аз издивоҷ бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд, чунки ин гуна оиладорӣ паёмадҳои ногувор дорад.
Аз ҳама бадтараш носолим ба дунё омадани фарзандон мебошад. Никоҳи хешутаборӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштааст.
Мавриди зикр аст, ки яке аз бемориҳои хавфноке, ки аз никоҳи хешутаборӣ ба вуҷуд меояд, ин манъ нашудани хун ҳангоми хунравӣ мебошад, ки дар замони сулолаи Ҳахоманишиҳо вуҷуд дошт ва инро касалии шоҳзодагон меномиданд.
Мувофиқи назарияи илми имрӯза ин беморӣ аз норасоии сафедаи фибрин дар организми инсон ва нарасидани яке аз витаминҳои зарурӣ дар ҷигар пайдо мешавад. Мувофиқи гуфти коршиносони соҳаи тиб, 60 фоизи кӯдаконе, ки касалии рӯҳию ҷисмонӣ доранд, аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд. Чуноне Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Имрӯз дар қаламрави кишвар 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.
Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд».
Фарзанд ширинтарин меваи ҳаёт мебошад, аммо ҳангоме вай носолим ва дардманд ба дунё меояд, боиси ғаму андӯҳ ва маъюсии аҳли оила мегардад. Иддае аз ҷавонони сустирода ба ин вазъият тоб наоварда, аз ҳамсари хеш ҷудо мешаванд. Бархе аз ҷавонзанон низ меҳри модариро як сӯ гузошта, фарзандонро ба ятимхонаҳо месупоранд. Ҳарчанд ки кӯдакони маъюб зери ҳимояи давлат қарор доранд, вале ҷойи меҳру муҳаббати падару модарро касе гирифта наметавонад. Мувофиқи маълумоти омории соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи бақайдгирифташуда нуҳ ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст.
Бинобар ин, аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавононро мебояд, ки аз издивоҷ бо хешу табор даст кашанд.
Гулбарг НАЗИРОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Ванҷ