Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату мулоқотҳо доир намуд. Раиси вилоятро дар ин сафар масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратура, амнияти миллӣ, раёсатҳои корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ширкати «Помирэнержи» ва ғайра ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳадаф аз ин сафар шиносоӣ бо вазъи амалӣ гардидани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанг ва рӯзгори мардум буд.
Гурӯҳи корӣ дар деҳаи Ғудара ҳолати корҳои сохтмонии мактаби деҳаро санҷида, дар деҳаи Савноб аз беморхонаи минтақавӣ дидан карда, бо намояндагони деҳаҳои ҷамоат мулоқот доир намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои сохтмони НОБ-и хурд ва таъмири пулу роҳҳо, таъмиру азнавсозии бинои мактаби №30, таъмир ва бо ашёи зарурӣ таъмин намудани мактабҳои ҳудуди он, сохтмони лӯлаи об ба миён гузошта шуд.
Шодихон Ҷамшед дар маркази деҳоти Басид ва дар хонаи фарҳанги деҳаи Сипонҷ бо мардум мулоқот дошт. Меҳнаткашони деҳот дархост намуданд, ки дар назди табобатхонаи минтақавии Сипонҷ шуъбаи ҷарроҳӣ кушода, таъмири агрегати дуюми НОБ-и Бартанг ба роҳ монда шавад. Дар деҳоти Басид ва Савноб сокинон таъмини алоқаи мобилиро хоҳиш намуданд.
Раиси вилоят ба сохторҳои марбутаи вилоятӣ вобаста ба мушкилот ва таклифу пешниҳодҳо супоришҳои мушаххас дод.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»