Ободонии маҳал ва сабзу хуррам гардонидани он аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як фард ба ҳисоб меравад.
- Дар мавсими имсолаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, тибқи қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба ободонӣ ва кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин озмун эълон шудааст, ки дар он ҳамаи минтақаҳои вилоят ширкат варзида, ғолибон бо мукофотпулӣ қадр карда мешаванд,- гуфт зимни суҳбат муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фарҳод Мамадназарбеков.
Тибқи нақша дар ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ бояд 430 ҳазор бех ниҳол шинонида шуда, 53 гектар боғҳои нав бунёд, 126 гектар боғҳои кӯҳна ва 150 гектар ҷангалзорҳо барқарор карда шаванд.
Айни замон маъракаи кабудизоркунӣ дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишини вилоят бо суръат идома дорад. То имрӯз дар ноҳияҳои Дарвоз 15, 8 ҳазор, Ванҷ 9,6 ҳазор, Рӯшон 5,7 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст.
Дар ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳои нав ҷамоатҳои деҳоти «Қалъаи Хумб», «Нулванд», «Қалъаи Ҳусейн»-и ноҳияи Дарвоз пешсафанд. Аллакай дар мавзеъҳои дашти Луч- ду гектар, Роғак – 1,5 гектар, Бредуни деҳаи Кеврон – ду гектар ва аз ҷониби хоҷагии ҷангали ноҳия дар деҳаи Марғак – 1,5 гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»