Фаъолият қаноатбахш нест

№45 (3191) 05.05.2014

Дар машварати назоратӣ, ки таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо иштироки роҳбарони раёсат, шуъбаю бахшҳо ва идораю муассисаҳои марбутаи вилоятӣ баргузор гашт, ҷараёни иҷрои қарорҳои раиси вилоят дар алоқамандӣ бо низоми нави идоракунӣ ва маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят, амалисозии «Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015», ки дар заминаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста бо ҷорӣ гардидани низоми нави идоракунӣ ва маблағгузории сарикасӣ, ки сардори Раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев, аз рӯйи он ҳисобот дод, нигаронкунанда арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳангоми гузариш ба ин низоми идоракунӣ шароити муассисаҳои таълимии вилоят сарфи назар гардида,  то имрӯз бисёр мактабҳое, ки дар минтақаҳои дурдасти вилоят воқеанд ва теъдоди ками хонанда доранд, бар асари нарасидани маблағ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гаштаанд ва барои ҳалли ин масъала ягон тадбире роҳандозӣ нагаштааст. Раиси вилоят камбудӣ  дар низоми нави идоракуниро аз набудани ҳисоби дақиқ дониста, зикр кард, ки на ҳамаи роҳбарони мактабҳо маблағҳои ҷудошударо, ки акнун истифодаашон пурра дар ихтиёри онҳост, мақсаднок истифода мебаранд.

Муовини раиси вилоят Исрор Исроров оид ба  рафти иҷрои «Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009 – 2015» сухан ронда, афзуд, ки ҳадаф аз қабули ин Барнома фароҳам овардани  шароити мусоид барои коркард, истихроҷи сангу металлҳои қиматбаҳо ва дар ин замина ғанигардонии буҷети вилоят, ташкили ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Аз рӯзи қабули ин Барнома то имрӯз оид ба амалисозии он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ баъзе корҳоро анҷом додаанд. Айни замон дар ҳудуди вилоят панҷ корхона оид ба коркарди сангҳои ороишӣ  фаъолият мекунанд.

Раиси вилоят фаъолияти ин корхонаҳо ва дар маҷмӯъ рафти иҷрои ин Барномаро дар вилоят ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. КВД «Ҷамаст», ки ин корхонаҳо дар тобеияти он қарор доранд, фаъолияташонро мувофиқи талабот роҳандозӣ накардааст. Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки соли 2015 муҳлати иҷрои Барнома анҷом меёбад, аммо аз рӯзи қабули он то ба имрӯз ҳатто нисфи корҳои банақшагирифташуда иҷро нашудааст ва бо чунин муносибате, ки роҳбарони идораҳои марбута нисбати иҷрои вазифаи хизматӣ доранд, иҷрои  Барнома ғайриимкон аст. Шодихон Ҷамшед ба масъулин супориши қатъӣ дод, ки муносибаташонро нисбати  ҳалли масъала куллан дигар созанд ва барои ислоҳи камбудиҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»