Ифтитоҳи маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

№49 (3034) 22.04.2013

ХОРУҒ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим дар бораи таъсис додани Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ қарори дахлдор ба тасвиб расонид. Ин марказ бо мақсади такмил ва таҳким бахшидани сохтори соҳаи маориф ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ташкил гардид. Низомномаи марказ ва ҷадвали басти воҳидҳои кории он тасдиқ ва Раёсати маорифи вилоят вазифадор шудааст, ки барои таъмини фаъолияти самарабахши он шароит муҳайё созад.