Кишти барвақтии сабзавот сар шуд

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

ДАРВОЗ. ( Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳияи Дарвоз дар майдони беш аз 500 метри мураббаъ зери плёнка сабзавоти барвақтӣ кишт шуд. Мувофиқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, деҳқонон ба мавсими киштукор омодагии хуб дидаанд. Дар анборҳои махсус бештар аз 300 тонна тухмии хушсифати гандум ва ҷав, 238 тонна картошка  захира шудааст. Дар рӯзҳои наздик, бо мусоид омадани обу ҳаво, дар майдони 10 гектар картошка ва 3 гектар сабзавоти барвақтӣ кишт мешавад.

Барои сари вақт гузарондани кишт  7 трактор ва дигар техникаю  механизмҳо таъмир шудаанд. Барои таъмини заминҳо 30 тонна нурии органикӣ кашонида шудааст.