Дар шаҳри Хоруғ конференсияи панҷуми ғайринавбатии Шӯрои минтақавии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед баргузор шуд.
Дар конференсия 152 вакили дар конференсияҳои шаҳрию ноҳиявӣ интихобшуда, ҳамчунин даъватшудагон, фаъолони ҳаракат, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз тамоми вилоят иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ва котиботи конференсия интихоб шуданд.
Бо пешниҳоди муовини якуми раиси Комиҷроияи Шӯрои минтақавии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷонибек Қозибеков рӯзномаи кори конференсия- интихоби ҳайати нави Шӯрои минтақавӣ, раёсат, Шӯрои калонсолон, комиссияи назоратӣ тасдиқ гардид.
Бо таклифи вакилони конференсия Шӯрои минтақавии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳайати 57 нафар- раиси Шӯро- Шодихон Ҷамшед, муовини якуми раис — Ҷонибек Қозибеков, муовин — Хоҷаназар Имомназаров, котиби Шӯро — Садбарг Холиқназарова якдилона интихоб гардиданд. Шӯрои кӯҳансолон дар ҳайати 47 нафар (раис С. Бекназаров), комиссияи назоратӣ дар ҳайати 3 нафар (раис Мирзо Мирзоҷонов) интихоб шуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед сухан карда, барои изҳори боварии ба вазифаи раиси Шӯрои минтақавии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ интихоб карда шуданаш ба вакилон арзи сипос намуда, вазифаҳои ин ҳаракати ҷамъиятиро дар шароити имрӯза муайян кард.
-Пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар ҷомеа, ҳимояи дастовардҳои истиқлолият вазифаи асосиест, ки диққату фаъолияти доимии Шӯрои минтақавӣ, шӯроҳои шаҳрию ноҳиявиро талабгор аст. Аз ҷумла тақвият бахшидани шаклу усулҳои фаъолият- ҳамкорӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо мардум дар ҷойҳои истиқомат, эҳтирому ҳамдигарфаҳмии наслҳои калонсолу ҷавон муҳим аст,- гуфт раиси вилоят.
Ш.ШОҲҚОСИМ,«Садои мардум»