Конфронс барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ

№83 (3068) 04.07.2013

«Хусусиятҳои рушди ҳуқуқҳои тиҷоратӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» — чунин буд мавзуи конфронси байналмилалӣ бо иштироки намояндагони судҳои иқтисодӣ, дигар сохторҳои ҳифзи қонун, инчунин соҳибкорон, ки дар толори  Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Конфронсро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояш, ки ба масоили иқтисодӣ иртибот доранд, таъкид менамояд, ки рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат аст, зеро тиҷорат, соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Раиси вилоят воридшавии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, яке аз дастовардҳои хеле ҳам муҳими сиёсати давлат арзёбӣ намуд ва афзуд, ки Ҳукумати кишвар дар алоқамандӣ ба соддагардонии бақайдгирии субъектҳои соҳибкорию тиҷоратӣ ва низоми иҷозатдиҳӣ қарорҳо   қабул намуда, онҳо мавриди амал қарор гирифтаанд. Вобаста ба амалисозии қонунҳои ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумат дар алоқамандӣ ба ин масъала дар вилоят, мисолҳо оварда шуданд. Раиси вилоят айни замон он нуктаро таъкид намуд, ки соҳибкорон, бо назардошти манфиатҳои ҷомеа, бояд фаъолияти хешро дар пардохти саривақтии андоз, иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ, андешидани тадбирҳо барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, ташкили истеҳсолоти воқеӣ, ба вуҷуд овардани рақобат ба молҳои  хориҷӣ, бо назардошти афзалиятҳои захираҳои маҳаллӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунӣ тибқи технологияи ҳозиразамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш беҳтар роҳандозӣ намоянд.

Дар машварат раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов вобаста ба инкишофи ҳуқуқҳои тиҷоратӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назари хешро баён намуд. Инчунин коршиносони хориҷию ватанӣ, соҳибкорон вобаста ба ҳалли масоили хуқуқи тиҷорат дар судҳои иқтисодӣ андешаҳои  худро баён доштанд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»