Аввалҳои моҳи июни соли 1999 Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» бо ташаббуси наҷиб – гузаронидани «Корвони Сулҳу Ваҳдат – дар Шоҳроҳи Ваҳдат» баромад кард, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа дастгирӣ ёфт ва раисони шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо вазифадор карда шуданд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин тадбири муҳими сиёсӣ кумаки ҳамаҷониба расонанд. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мухбирамон бо узви ин корвон, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зуробек Бурибеков вохӯрда, хоҳиш намуд, ки дар бораи рисолати сулҳофаринии «Корвони Сулҳу Ваҳдат – дар Шоҳроҳи Ваҳдат» нақл намояд.
Панҷуми июли соли 1999 аз рӯйи реҷаи корӣ корвон мебоист аз ағбаи Кулма, ки он солҳо сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб — Дарвоз- Мурғоб- Кулма бо баромад ба шоҳроҳи Қароқурум бо суръати баланд идома дошт, роҳ паймуда, беш аз 1500 км, яъне аз тамоми ҳудуди мамлакат гузашта, ба шаҳри Исфара, ки дар наздикии пайвастшавии роҳҳои мошингарди Осиёи Миёна ҷойгир аст, расад.
Мо, аъзои ин корвон, як мушт хокро дар кӯзаи шикастае, ки рамзи парокандагии халқи тоҷик буд, андохта, аз ағбаи Кулма, ки дар баландии 4362 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ба роҳ баромадем. Худи ҳамон рӯз ба ноҳияи Мурғоб расидем. Маркази ноҳия ҳусни идона дошт. Он бо навиштаҷоти ватандӯстона ба се забон — тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ оро ёфта буд. Аз ҳама шодиовар он буд, ки мардуми қирғизу тоҷик ва намояндагони халқи рус, ки он солҳо дар дидбонгоҳҳо хизмат мекарданд, ҳайати корвонро бо чеҳраҳои болида пешвоз гирифтанд. Баъди вохӯрии ҳайати корвон бо сокинони ин водии баландкӯҳ ба ҷониби Хоруғ раҳсипор гардидем. Дар майдони Ваҳдати шаҳри Хоруғ аъзои корвонро мардум бо шодмонӣ истиқбол гирифт.
Дар ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ ва Дарвоз низ мардум ҳайати корвонро хуш истиқбол гирифта, сафари нек орзу карданд. Ба ҳайати корвон намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил будаанд. Ин сафар, пеш аз ҳама, ба мустаҳкамшавии Ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ ва ягонагии Ватани азизамон – Тоҷикистон нигаронида шуда буд.
Ҳайати корвон шаҳрҳои Кӯлобу Кофарниҳон, Душанбе, Истаравшан, Хуҷандро паси сар намуда,ба шаҳри Исфара расид. Дар шаҳри Исфара устоҳои гулдаст аз он кӯзаи шикаста кӯзаи зебое бо нақшу нигори мувофиқ сохтанд. Кӯза аз ҷониби аъзои корвон ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» ном гирифт.
Кӯзаро дар рӯзи Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон дар ҳузури вакилон ва меҳмонон мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳоб Набиев ва сорбони корвон Абдуғанӣ Мамадазимов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд.
Суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба даст гирифтани «Кӯзаи Ваҳдат» ҳеҷ аз хотирам зудуда намешавад. Роҳбари давлат бо самимият гуфтанд: «Ин кӯза аз хок нест, тиллост! Зеро, ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!». Имрӯз «Кӯзаи Ваҳдат» чун нигораи нодир дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»