РӮШОН.( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Зимни боздиди як гурӯҳ мутахассисони Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Рӯшон аён гардид, ки дар ин ноҳия майдони кишт сол ба сол васеъ мегардад. Мувофиқи иттилои бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати қариб 1000 гектар ғалладона, 330 гектар картошка ва 500 гектар хӯроки чорво кишт шудааст. Тамоми навъҳои тухмӣ қабл аз кишт дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Мудири бахши кишоварзии ноҳия Гулаёз Ниёзов гуфт, ки яке аз ҳадафҳои мо баланд бардоштани ҳосили сабзавоту зироат ва таъмини бозори ноҳия ва шаҳри Хоруғ бо маҳсулоти тару тоза мебошад.