Баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мисли дигар гӯшаю канори Ватан, марҳилаи бунёдкорию ободонӣ оғоз ёфт. Дар давоми даҳ соли охир дар вилоят зиёда аз 100 иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ бо маблағгузории давлат сохта, ба истифода дода шуданд. Яке аз намунаҳои возеҳи ободонӣ бунёди шаҳраки Ваҳдат- маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон мебошад. Аз он рӯзе, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон санги аввали бунёди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон гузошта шуд, вақти зиёде нагузаштааст, вале имрӯз биноҳои қатори хуштарҳи бисёрошёнаи ду тарафи роҳи асосии шаҳрак бинандаро ба ҳайрат меоварад. Чунин суръати баланди бунёдкориро пеш аз ин касе аз сокинони Шуғнон дар хотир надорад. Он ба шарофати Истиқлолият, нишонаи диққату ғамхориҳои рӯзафзуни Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи беҳдошти зиндагии мардум, пешбурди иҷтимоию иқтисодӣ, инкишофи бунёдкорию ободонӣ дар ВМКБ мебошад. Соли равон бунёдкорӣ дар ин ҷо суръати тоза гирифт. Чуноне раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ба ин мақсад 19 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Рӯзи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои комиссариати ҳарбии ноҳия, мақомоти амният, прокуратура, суд, шуъбаи корҳои дохилӣ ба истифода дода шуданд. Дар бобати сари вақту хушсифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бинокорони варзидаи корхонаҳои «Монолит-211», ҶДММ «Хуҷаназар», «Ғафурӣ», «Бунёд» фаъолияти баланд нишон доданд. ҶДММ «Роҳи тоҷик», «Насби нур» роҳи асосии шаҳракро мумфарш карда, қад- қади он чароғҳо насб намуданд. Корҳои ободонию кабудизоркунии гирду атрофи иншоот босуръат идома доранд. Дар ин ҷо инчунин сохтмони бинои хуштарҳи бахши ноҳиявии ҶСК «Агроинвестбонк» анҷом ёфт, ки бо маблағгузории бонки мазкур аз ҷониби бинокорони Колоннаи сайёри механиконидаи «Помирсохтмон» сохта шуд. Хатҳои обу ташноб бо ҳавзҳои нигоҳдории зарфияти ҳар кадом 250 мукаабметр барои истифодабарӣ омодаанд. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои шуъбаи маориф, мақомоти молия ва андоз, ҳифзи муҳити зист, шуғли аҳолӣ идома доранд. Инчунин дар арафаи Рӯзи Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаб дорои 10 синфхона дар деҳаи Барсеми деҳоти «Сучон», як мактаби замонавии дорои ёздаҳ синфхона дар маркази деҳоти «Ванқалъа» сохта, ба истифода дода шуданд. Танҳо дар ду соли охир дар ноҳияи Шуғнон 17 иншооти хурду бузург сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»