Ҳар гоҳ ки бо нависанда ва журналисти шинохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Мирзошоев ҳамсуҳбат шавем ҳатман дар бораи бузургони миллати тоҷик, хислатҳои неку, маданияти баландашон аз ӯ қиссаҳои ширини нав ба нав мешунавем. Ин навбат дар баробари қиссаву ҳикояҳои намакин, гуфтанд, ки падари бузургворашон Мирзошоҳ Шоев (рӯҳаш шод бод) 30 декабри соли 2011 садсола шуда буданд ва чанд рӯзномаву қайдҳои молишхӯрдаро аз ҷузвдон бароварда, нишон доданд.
-Акаи Муҳаммадҷон, чунин падари сазовори даврон доштаеду боре аз ин хусус нагуфтед, чаро?
-Падарам табиатан марди хеле хоксор ва заминӣ буданд. Таърифро нағз намедиданд, агарчӣ ба даҳҳо таъриф меарзиданд. Мо 12 нафар фарзандонро низ дар ин рӯҳия тарбия намудаанд,- изҳор дошт ӯ. Баъди ин суҳбат шарҳи ҳоли бобои Мирзошоҳро варақ задам. Сардори бригадаи роҳсозони роҳи калони Помир ба номи И.В.Сталин, яке аз аввалин ташкилкунандагони сохти колхозӣ ва аввалин раиси колхоз дар Ҷамоати «Лангаришоҳ»- и ноҳияи Тоҷикобод, сухандон ва ровии мумтоз ва ниҳоят собиқадори меҳнат.
Бобои Мирзошоҳ дар хотираҳояш -«Тафовути рӯзгор» (рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» аз 16 августи соли 1985, №190 (7796) менависад:
«Дар бораи заҳмати пешазинқилобии падару бобоён сухан ронда, дили кас пур аз андӯҳу алам мегардад. Худи падари ман, Шоҳ Холов, умре дар водии Фарғона мардикорӣ карда, дур аз зану фарзанд, дар бечорагию қашшоқӣ бо зиндагӣ падруд гуфтааст. Зиндагии мо, фарзандони бенаво, боз ҳам душвортар гардид.
Ба бахти мо Инқилоби Октябр ғалаба карду ҳаёти нав дар диёри кӯҳистон арзи ҳастӣ кард. Мо, бечорагон, соҳиби обу замин гардидем, хоҷагиҳои коллективӣ ташкил кардем, ранҷ бурда, ба гирифтани ганҷ ҳуқуқ пайдо кардем»…
Оре, бобои Мирзошоҳ кӯдакӣ ва наврасиро хеле сахт аз сар гузаронидааст. Шояд аз ин сабаб ба қадри обу замин ва меҳнат мерасид. Шояд ҳамин сабаб шуду сохти нави колхозиро аз рӯзҳои нахустин дастгирӣ кард ва худ яке аз раисони аввалини колхоз дар ноҳияи Тоҷикобод ба шумор мерафт. Ташкил ва ба аъзогии колхоз қабул кардан он солҳо хеле мушкил буд. Аммо натиҷаи кордонии раиси ҷавон Мирзошоҳ Шоев буд, ки ба ҳамаи мушкилоти давр нигоҳ накарда, колхозе, ки роҳбариашро бар уҳда дошт, хеле пешрафт кард. Бояд гуфт, ки пеш аз раиси колхоз шуданаш бобои Мирзошоҳ дар сохтмони роҳи калони Помир (соли 1940) фаъолона иштирок намудааст. Таҷрибаи кору зиндагӣ андӯхта, аз суҳбатҳои ширини дӯстони дарвозиву помириаш баҳраҳо бардоштааст. Вақте ки дастаҷамъона дили кӯҳро пора -пора мекарданд, қаҳрамонии Фарҳоди кӯҳкан пеши назараш ҷилвагар мешуд. Натиҷаи меҳнати шабонарӯзии роҳсозон буд, ки бо путку зоғнӯлу каланд дар 110 шабонарӯз сохтмони роҳи Сталинобод- Помирро ба анҷом расониданд. Мирзошоҳи ҷавон ҳангоми сохтмони роҳи калони Помир бо шоирон Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, шоири халқӣ ва гурғӯлисаро Ҳикмат Ризо шинос мешавад. Бори нахуст аз забони Ҳикмат Ризо достони «Роҳсозӣ ва ободонӣ»-ро, ки ба ин шоҳроҳи аср бахшида буд, мешунавад:
Дар соли 1940, дӯстон!
Бо талаби халқи кӯҳистон,
Партияю Ҳукумати Тоҷикистон
Қарор кардан (д) дар маҷлисшон,
Тайёр кардани роҳи Помир,
Шид вазифаи ҳар як ҷавону пир.
Кора сар кардан (д) колхозчиён,
Пешандози халқ шид калонони Тоҷикистон.
Баъдҳо ин шеър дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» №240, соли 1949 чоп шуд ва Мирзошоҳ онро пурра хонда, лаҳзаи шиносоӣ бо «Гомери тоҷик» ва корзори роҳсозони гуногуни миллатро ба ёд овард:
«Соли 1940 бо оғоз шудани сохтмони роҳи мошингарди Душанбе- Хоруғ ман ба ин сохтмон ба кор омадам. Дар баробари дигар роҳсозони гуногунмиллат мо, фиристодагони вилояти Ғарм ҳам бо бунёдкорони помирӣ бо дасту дили гарм ҳамкорӣ мекардем. Хусусан, участкаи мушкили сохтмони роҳ- Даштак ҳанӯз ҳам дар хотири ман гирдгардон аст. Ҳамроҳи Давлат ном роҳсози помирӣ то бевақтии шаб китф ба китф истода, сангу харсангҳои бешуморро титу парешон карда, пеш мерафтем. Ва чун нахустин мошин ба сӯйи Хоруғ раҳсипор гардид, ҳамаамон худро хушбахт мешуморидем, ки дар бунёди ин шоҳроҳ ҳиссае гузоштаем».
Бобои Мирзошоҳ дар тӯли умри бобаракати худ (ӯ 80 сол умр дид) бо шахсиятҳои номвари асри ХХ -Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Раҳматов, Назаршо Додхудоев, Маҳмадулло Холов, Манзар Шарифов, Боқӣ Раҳимзода, Моёншо Назаршоев, Акашариф Ҷӯраев, Иброҳим Кобулиев, Зафар Нозимов ва дигарон шиносу ҳамнишин буд.
Якҷо бо ҳамсараш «Қаҳрамонмодар» Почобегим Раҳмонова ним аср зиндагии хушу хурсандона дошта, 12 нафар фарзандро ба воя расонида, соҳиби 60 набераву абера шуданд.
Ҳангоме ки ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Р.Аҳмадов ва Қ.Ҳисомов барои ҷамъ овардани фолклори водии Қаротегин машғул шуданд, дар экспедитсияи навбатӣ бо сокинони навоҳии водӣ вохӯрда, жанрҳои гуногуни фолклориро гирд оварданд. Олимони ҷавон гӯяндагони соҳибистеъдодро дар ҳамаи деҳаҳо пайдо мекарданд. Аз ҷумла дар деҳаи Кӯли Хучак бо пири сухангӯю сухандон Мирзошоҳ Шоев суҳбатҳои тӯлонӣ доштанд. Пас аз экспедитсияи фолклоршиносӣ олимон бо номи «Аз пайи фолклор ба Қаротегин» (Рӯзномаи «Маориф ва маданият» аз 22 январи соли 1974) мақолае менависанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«…Яке аз бозёфтҳои муҳими имсолаи экспедитсияи фолклоршиносӣ пайдо кардани афсонагӯйҳои забардаст Шоев Мирзошоҳ, Маҳмадов Маҳмадназар ва Хол Сафол мебошад. Афсонаҳои онҳо нав буда, аз ҷиҳати баён мӯъҷаз ва саршор аз санъати саҷъанд. Онҳо асарҳои зиёдеро медонанд, афсонаҳоро мутобиқи вазъият ва синну соли шунавадагон моҳирона нақл мекунанд, дар ҷойҳои ҳаяҷоновари афсона «банд» мепартоянд. Мо бояд ба навишта гирифтани асарҳои ин гӯяндагони куҳансол бипардозем, то ки фурсат аз даст наравад».
Солҳои охир, бобои Мирзошоҳ ба синну солаш нигоҳ накарда, чун собиқадори меҳнат, иштирокчии сохтмони роҳи калони Помир дар мактабҳои ноҳия бо омӯзгорону хонандагон вохӯрда, дар бораи сохтмони роҳ ва ташкили аввалин колхозҳо нақлҳо мекард.
Вақте ки дар бораи ободкориҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз радио ё телевизион мешунид, хеле шод мегашт. Охир, меҳнати чунин диловарон буд, ки ҳанӯз соли 1940 ба Кӯҳистони Помир роҳи васеи мошингузар сохтанд ва ободкориҳо аз ҳамон айём оғоз ёфта буданд.
Ниҳоят, рӯзе фаро расид, ки бобои Мирзошоҳ ба воситаи мошин то шаҳри Хоруғ, то Гармчашмаи овозадор рафта, истироҳат кард. Аз меҳмоннавозии мардуми ин диёр хеле миннатдор буд. Чун донистанд, ки ӯ дар сохтмони роҳ иштирок доштааст, ба наздаш хабарнигори рӯзномаи «Бадахшони Советӣ»- ро фиристоданд, ки ӯ мақолаеро таҳти унвони «Тафовути рӯзгор» (аз 16 августи соли 1985) ба чоп расонид.
Солҳо мегузаранд, вале хизматҳои бобои Мирзошоҳ Шоев ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Баръакс, қадру манзалати чунин пирони рӯзгордида боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»