Дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон И. Исроров, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Табаров, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Одинаев, роҳбари шабакаҳои Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ, директори маъмурии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Роберт Вилер, сафирони Олмон, Амрико, Фаронса, Туркия, консули генералии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими 8 -уми хатми таҳсил ва супоридани дипломҳо ба хатмкардагони ин таълимгоҳ баргузор гардид.
Хатмкардагон барномаи технологияи муҳосибиро, ки тибқи стандарти ҷаҳонии ҳисобу китоби молиявӣ таҳия шудааст, аз худ намуданд. Инчунин дар ин маросим ба донишомӯзоне, ки барномаи амалигардонии саноати кӯҳӣ, барномаи бозомӯзии омӯзгорон дар давоми солҳои 2012- 2013 ва барномаи байналмилалии амалии компютерро бомуваффақият хатм кардаанд, шаҳодатномаҳои мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ҳамзамон донишҷӯёне, ки барномаҳои касбию техникӣ дар соҳаи сохтмон, таъмири автомобил ва техникаи санитариро хатм намудаанд, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Тавре дар ҷамъомад иттилоъ доданд, мактаби номбурда мутахассисони сатҳи ҷаҳониро тайёр мекунад. Имрӯз бисёр фарзандони ВМКБ на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои Ғарб низ тибқи ихтисосҳои дар ин мактаб омӯхта кор мекунанд. Дар шаш соли фаъолияташ ин мактабро 24 ҳазор донишҷӯй хатм кардааст. Ин дафъа ба 200 нафар, аз ҷумла 35 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дипломҳо супорида шуданд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»