Машқҳои низомӣ дар Бадахшон анҷом ёфт

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

ВМКБ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Машқҳои низомии неруҳои мусаллаҳи кишвар, ки давоми ду ҳафта дар тамрингоҳи Шитошоши деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон идома дошт, анҷом ёфт. Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев зимни натиҷагирӣ аз ин тамринҳо гуфт, ки яке аз  ҳадафҳои асосии мо ин буд, ки ҳангоми таҳдидҳои эҳтимолии беруна ҷузъу томҳо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва барои муқобилият ба  ин таҳдидҳо аксуламали муносиб нишон диҳанд. Вазири мудофиа ба натиҷаи машқҳо баҳои мусбӣ дода, изҳор намуд, ки баъди як сол неруҳои эътилоф хоки Афғонистонро тарк мекунанд ва рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб дар марз аз эҳтимол дур нест.