Муассисаҳои соҳаи фарҳанг ба дастгирӣ ниёз доранд

№56 (3041) 11.05.2013

Кормандони муассисаҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева фаъолияташонро дар семоҳаи аввали соли равон ҷамъбасту натиҷагирӣ намуданд.

Муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов, мудирони бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ, дигар сохторҳои зертобеи Раёсати фарҳанг аз бурду бохташон дар ин давра маълумот доданд. Аз баромади мудирон ва директорони муассисаҳои фарҳанг маълум гардид, ки ҳарчанд кормандони соҳа бо вуҷуди дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои давлативу миллӣ ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардида бошанд ҳам, ҳанӯз камбудӣ дар ин соҳа зиёд ба назар мерасад. Таъминоти клубу  китобхона ва дигар муассисаҳо аз лиҳози вазъи моддӣ беҳбудӣ мехоҳад. Аксарияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилоят ба таъмир ва азнавсозӣ ниёз доранд. Шуъбаву бахшҳо бо маводи техникӣ пурра таъмин набуда, китобхонаи вилоятӣ ҳанӯз ба усули нави компютеркунонӣ нагузаштааст.

Қиматгул Алибердиева фаъолияти Раёсат ва ҳар як бахши фарҳангро  мавриди таҳлил қарор дода, зикр кард, ки шуъба ва бахшҳо бояд дар самти иҷрои  «Барномаи рушди мусиқӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои халқӣ барои солҳои 2005-2015» диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»