Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсола, мулоқоту чорабиниҳои ҳукуматӣ доимо таъкид менамоянд, ки мубориза ба муқобили коррупсия тақвият дода шавад.
Дар ин бобат татбиқи ҳамаҷонибаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Вобаста ба ин масъала бо сарнозири бахши пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Р.М.Шукрихудоев суҳбат намудем.
Тавре ӯ иброз намуд, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят соли гузашта оид ба пешгирӣ, ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳо ва ашхоси ҷиноятпеша корҳои муайянеро анҷом дод. Дар 224 идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳо тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуд, ки ба маблағи 2,8 млн. сомонӣ маблағи зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз ҷумла хароҷоти молию пулӣ бо маблағи 1318333 сомонӣ, талафи воситаҳои молию пулӣ аз бесарусомонӣ 555967 сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 294406 сомонӣ, маблағҳои камҳисобшуда ва рӯйпӯш намудани андоз 543036 сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмир ва сохтмон 56677 сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 41306 сомонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ 1113375 сомонӣ ошкор карда шуданд. Аз ҷамъи маблағи ошкоршуда 2,5 млн. сомонии он рӯёнида шуд.
Дар робита ба ин, нисбати 137 нафар шахсони масъул ҷазоҳои интизомӣ ва моддӣ татбиқ ва се нафар аз вазифа озод карда шуданд.
Дар ин давра 59 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта, аз он ҷумла 34 ҳолати азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, шаш қаллобӣ, се сохтакории хизматӣ, ду ҳодисаи суиистифода аз вазифаҳои хизматӣ ба қайд гирифта шудааст. 55 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ ҷавобгар дониста шуданд, ки 50 нафарашон шахсони мансабдори идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мебошанд.
Аз ҷониби муфаттишони Раёсат 24 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул, пешбурди ҳашт парванда ба итмом расонида, се парванда дар истеҳсолот қатъ карда шуд. Аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ маблағи зарар 229 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 211 ҳазор сомонии он дар рафти тафтишот барқарор карда шуд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»