Ба мақсади шиносойӣ бо ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ободонӣ, киштукори баҳорӣ ва кабудизоркунӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ба ноҳияи Рӯшон сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои вилоятӣ раиси вилоятро ҳамроҳӣ намуданд. Суҳбату мулоқотҳо бо сокинони аксари ҷамоатҳои деҳот ҷолибу хотирмон, дар фазои озоду ошкорбаёнӣ ҷараён гирифт.
Раиси вилоят оид ба дастовардҳое, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рӯйи кор оварда шуд, муфассал ҳарф зада, ба дархосту пурсишҳои ҳозирон ҷавоб гуфт.
Қодири Қосим ва роҳбарони як қатор сохторҳои калидии вилоят инчунин ба ноҳияи Ишкошим сафар намуда, бо сокинони ин ноҳия суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Ин суҳбату мулоқотҳо дар доираи нақша — тадбирҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят анҷом дода мешавад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ,
«Садои мардум»