Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дарвоз бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мулоқоти раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон бо ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот раиси ноҳия оид ба дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти амалисозии Барномаи сиёсати давлатии ҷавонон андешаронӣ намуда, аз авҷ гирифтани нашъамандӣ дар байни ҷавонон, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудани онҳо, ба гурӯҳҳои тундрав гаравидани бархе аз эшон изҳори нигаронӣ кард. Сипас, Хуршед Маҳмадшоев – намояндаи ҷавонон аз деҳоти «Сағирдашт», Солеҳҷон Амирҷонов -донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Баҳодур Мирзоев аз деҳоти «Вишхарв», Насимҷон Маърупов аз деҳоти «Нулванд», Фарида Амрихудоева -котиби маҷлиси судии Суди ноҳия ва Салим Самиев -имомхатиби масҷиди ҷомеи маркази ноҳия зимни суханронӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар самти сиёсати ҷавонон дастгирӣ намуданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷавонон бо суолҳои зиёд ба раиси ноҳия муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ш. Шоҳтолиб, «Садои мардум»