НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ СОҲИБКОРОНУ КОСИБОНИ ВИЛОЯТҲОИ ҲАМҶАВОР

№147 (3293) 09.12.2014

Дар саҳни Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров намоиши чоруми ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маҳсулоти истеҳсолии косибон, соҳибкорону тоҷирони шаҳрҳои Кобул, Хоруғ, Ӯш, чор вилояти Афғонистон ва ноҳияи Қарасӯи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. 

Қабл аз баргузории намоиш дар маҷлисгоҳи Ассотсиатсияи соҳибкорону фермерони «Милал — Интер» дар шаҳри Хоруғ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Муовини раиси вилоят Исрор Исроров дар оғози семинар гуфт, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо, бахусус густариши муносибати тиҷоратии байни се вилоят, ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, дарёфти ҷойҳои нави корӣ ва  робитаи дӯстии миёни се давлати ҳамсоя ва ҳамҷавор таъсири мусбӣ мерасонад. Эҳёи Роҳи бузурги абрешим, робитаи доимии нақлиёт ба вилояти Ӯши Қирғизистон имконият фароҳам сохтааст, ки даҳҳо нафар соҳибкорону тоҷирони  тоҷику қирғизу афғон дар бозорҳои шаҳри Хоруғ ва бозорҳои наздисарҳадӣ  ба тиҷорат машғул гарданд.

Раиси Ассотсиатсияи «Милал — Интер» Боймамад Алибахшов изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкорӣ миёни соҳибкорон, косибон ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти худӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ мебошад. Боймамад Алибахшов диққати ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки табиати минтақаи Помир – Олтой хеле диққатҷалбкунанда аст. Ин табиати афсункорро ҳифз бояд кард.

- Соҳибкорӣ дар минтақаи Ӯш хеле рушд ёфтааст. Аз ин рӯ, омӯхтани таҷрибаи соҳибкорони қирғиз бароямон хеле муфид аст, — гуфт ӯ.

Соҳибкор Муҳаммад Ҷовин ва косиб Заҳро Ёвазалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  аз кору фаъолияташон нақл карданд.

Ҳамчунин соҳибкорон ва косибони се вилоят  маҳсулоти аз пашм тайёркарда, либосҳои миллии истеҳсоли худӣ, асал, меваҷот ва сабзавотро ба фурӯш бароварданд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»