Ташкилоти ҷамъиятии рушди ҷавонон «Нилуфар» ва Ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Нур» бо дастгирии молиявии Фонди Кристенсен ҳашт номгӯйи китобчаҳоро барои кӯдакони синни томактабӣ ба нашр расонданд. Интишори ин китобҳо тибқи лоиҳаи «Омӯзиши бисёрзабонии (томактабии) маҳаллӣ ва урфу одат дар Помир» сурат гирифт. Китобҳо, ки бо забони шуғнонӣ нашр шудаанд, панду ҳикматҳо, бозиҳои кӯдакона, чистонҳо, зарбулмасалу мақолҳо ва афсонаҳои мардумиро дар бар мегиранд ва хеле босифат чоп шуда, дорои тасвирҳои ҷолибу рангоранг мебошанд. Мувофиқи маълумоте, ки аз Ташкилоти ҷамъиятии «Нилуфар» дастрас гардид, ин китобчаҳо, ки бо теъдоди 3200 нусха ба нашр расидаанд, барои 20 Маркази рушди кӯдакони синни томактабии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ба таври ройгон дастрас мегарданд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»