Қоидаҳои шаҳрсозӣ риоя намешавад

№74 (3059) 18.06.2013

ХОРУҒ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)   Дар машварати корӣ, ки раиси ВМКБ Қодири Қосим бо роҳбарони мақомоти дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ гузаронид, ҷараёни иҷрои  Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрсозӣ»  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят дар оғози машварат иброз дошт, ки баррасии ин масъала бесабаб нест, зеро ҷиҳати ҳаматарафа омӯхтани масъалаи шаҳрсозӣ комиссияи босалоҳият ташкил гардида, дар ҷараёни омӯзиш камбудии зиёдро ошкор кард.

Мудири шуъбаи меъморию шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят А. Гулмамадов гуфт, ки воқеан ҳам талаботи кодекси шаҳрсозӣ дар қаламрави шаҳр аз ҷониби ҳам ташкилотҳои сохтмонӣ ва ҳам шаҳрвандон, дағалона вайрон карда мешавад. Нақшаи генералии шаҳр ҳангоми бунёди иншоотҳо, бахусус аз ҷониби шаҳрвандон, сарфи назар мегардад. Раиси вилоят дар ҷараёни муҳокимаи масъала ба роҳбарону масъулон супориш дод, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои қатъӣ андешанд.