«Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст…
Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд.
Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол аз сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад», — иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин росто, зикр гардид, ки соли 2014-ум аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда нуҳ ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст.
Мувофиқи иттилои сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Майсара Мирзобайтова, соли 2014 дар ВМКБ 2 ҳазору 595 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013- ум 48 ҳолат зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 93 оила пош хӯрд, ки ин аз соли қаблӣ ҳафт ҳолат камтар мебошад. Шумораи фарзандони ноболиғ, ки волидайнашон аз ҳам ҷудо гардиданд, 48 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳарчанд сабабҳои ҷудошавии оилаҳо аз тарафи мутахассисон таври дақиқ омӯхта нашуда бошад ҳам, дар ҷудошавии оилаҳо омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона ва муҳоҷиратро омили асосӣ мешуморанд.
Ҳаёти инсон мисли дарё мавҷ дорад. Барои барпо намудани муносибат вақти зиёде лозим аст, махсусан дар бунёди муносибати оилавӣ. Вале барои аз байн бурдани он як дақиқа ҳам кофист. Пас ҳар нафар бояд зиракиро аз даст надода, дар тасмими бунёди оила зиёд андешад ва пас аз бунёд қадрашро бидонад, барои солимии он ҷаҳду талоши беандоза намояд. Барои бунёди оилаи солим меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талошҳои мо барои ободӣ ва ҷомеаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳояш гуфтааст, ки «Издивоҷ кунед, то зиёд гардед, зеро рӯзи Қиёмат аз зиёд будани умматам ифтихор хоҳам кард». Дар ҳаёт вазифаи сангин бар дӯши мард вогузор аст ва вазифаи нафису кӯчак бар дӯши зан мебошад. Зеро мард қависту тавони бардошти вазниниро дорад, вале ҷисми латиф ба ин қодир нест. Мард бештари вақт берун аз хонавода мебошад ва тарбияи фарзанд, агарчи масъулияти волост, бар дӯши зан аст. Бояд ки дар тарбияи фарзанд ҳам падар ва ҳам модар фаъолона иштирок намоянд.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи фавқуззикр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар кишвар «Соли оила» эълон намуд. Моро мебояд дар заминаи иқдоми мазкур бобати такомули оилаҳои солим дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем,- гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»