Олимони Бадахшон дар рушди илми муосир саҳмгузоранд

№64 (3049) 28.05.2013

ХОРУҒ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, « Садои мардум»)   Дар толори Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон конференсия баргузор гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, доктори илмҳои биология, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Оғоназар Ақназаров, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаев, муовини директори Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Хоруғ, номзади илмҳои филологӣ Шоҳназар Мирзоев зимни суханрониашон оид ба дастовардҳои олимони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар таҳқиқи бахшҳои гуногуни илмҳои дақиқу табиӣ ва инсоншиносӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф заданд. Зикр гардид, ки солҳои охир дар маркази вилоят пойгоҳҳои нави илмӣ таъсис ёфтанд, ки дар инкишофи неруҳои зеҳнии вилоят саҳми хоса мегузоранд. Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи улуми инсонии ВМКБ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, пойгоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишкадаи такмили маҳорати касбии омӯзгорони вилоят зиёда аз 80 нафар доктору номзади илм ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд.