ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ таҳти раёсати раиси вилоят Қодири Қосим баргузор гардид. Тибқи нақша-чорабиниҳо ба ин муносибат дар қаламрави вилоят чорабиниҳои зиёде , аз қабили маҷлисҳои тантанавӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Дар арафаи ҷашн як қатор иншооти маъмурӣ ва аҳамияти иқтисодӣ – иҷтимоидошта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон