Мутобиқи қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз 23 январи соли 2014 №23 моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Хоруғ баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест — 2014» дар назар аст.
Ба қарибӣ ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукоти форум таҳти раёсати муовини раиси вилоят Исрор Исроров баргузор шуд. Мавсуф ҳозиринро бо рафти иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани форум шинос намуда, зикр кард, ки ҷаласаи ҳайати тадорукотиро ҳар моҳ гузарондан, ба шарикони рушд мактубҳоро оид ба дастгирии форум ирсол намудан, ба намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аҳамияти форум ва ҷалби бештари соҳибкорони маҳаллиро шарҳ додан, якҷоя бо соҳибкорони маҳаллӣ таҳия намудани лоиҳаҳои бизнесӣ барои сармоягузорӣ аз вазифаҳои асоситарин мебошанд.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон ва фермерҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Милал — Интер» Боймамад Алибахшов зикр намуд, ки фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ нисбати омода намудани лоиҳаҳои бизнесӣ ҳанӯз суст аст. Аз байни онҳо ду нафар аз ноҳияи Ванҷ, се кас аз шаҳри Хоруғ, як нафар аз ноҳияи Ишкошим лоиҳаҳо пешниҳод намуданд.Ташкилотҳои вобаста ба рушди иқтисодии вилоят амалкунанда бояд бештар фаъол бошанд. Фикри баргузории форум се сол пеш аз ҷониби мо пешниҳод шуд ва он натиҷаи хуб овард. Мақсади асосии форум мусоидат намудан ба ҷалби инвеститсияи хориҷӣ баҳри инкишофи иқтисодии вилоят, суръат бахшидан ба иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, истифодаи пурсамари захираҳои бойи табиии Бадахшон, инкишофи алоқаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои дуру наздики хориҷ мебошад.
Аъзои кумитаи тадорукот Улфатшо Абдолбеков, Латиф Шоҳзодаев, муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева доир ба масъалаҳои вобаста ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест – 2014» таклифу мулоҳиза ва пешниҳодоташонро иброз доштанд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»