Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияро ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992, ки ҳамон вақт Раисии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, таъкид намуда буд. Дар ин робита таъкид карда буд, ки асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нави демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст.
Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин заминаи асосӣ барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Тӯли бист соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил гардад, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёбанд, сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муқаррар гардидаанд, ки бо қонунҳои конститутсионӣ амалӣ гардонда мешаванд. Боби ҳафтуми Конститутсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шудааст. Тавре аз таъиноти моддаи 81 бармеояд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар чандин моддаҳои он салоҳият ва ваколатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин тарзи иҷрои онҳо дар қонунҳои конститутсионӣ муайян гардидаанд. Банди сеюми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст: «…Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд».
Моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудааст, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ, аз ҷумла якҳавзагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя як ҳавза ташкил карда мешавад.
Моддаи 53 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки: «…Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад».
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳафт судя иборат аст, мутобиқ ба моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ҳамзамон тибқи моддаи 82 Конститутсия: «Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад».
Салоҳият ва дигар ваколатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 83) сарчашма мегирад, ба танзим медарорад. Тавре дар дебочаи Қонуни конститутсионии мазкур омадааст: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад».
Дар Қонуни конститутсионии мазкур объектҳои моликияти коммуналии вилоят муайян карда шудааст. Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои моликияти коммуналии воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдорро дар доираи ваколатҳои худ идора мекунанд. Объектҳои мазкур бо мақсади хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудуди дахлдор истифода мешаванд.
Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар гузаронидан дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.
Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (моддаи 9 Қонуни конститутсионии мазкур) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор ҷойгиранд, ба инкишофи иқтидори содиротӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии ба рақобат тобовар мусоидат менамояд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ ҳуқуқ дорад ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат кунад, барои ҷалби инвеститсияи хориҷӣ шароит фароҳам оварад, мутобиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои наздисарҳадӣ ташкил диҳад, дигар намудҳои фаъолиятро амалӣ намояд.
Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ ва раис ба ҷойгиркунии мақсадноки иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси зерсохторҳои дахлдор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, назорат мекунанд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати давлатро дар соҳаҳои маориф, фарҳангу маънавиёт, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ғайра амалӣ мекунад ва ба рушди минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд.
Бобокалон МУРОДОВ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон