Дар ҷаласаи якҷояи ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2014» ва Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии нашъамандӣ дар ВМКБ вазъи нашъамандӣ ва пешгирии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Муртазо Ҳайдарзода ва роҳбарони ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба пешгирии ин падидаи номатлуб ахборот доданд.
Муртазо Ҳайдарзода дар оғоз аз таърих ва таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр намуд, ки ин ниҳод 15 сол қабл таъсис ёфта, баҳри муқовимат ба таҳдиди маводи мухаддир нақши муҳим мебозад.
Таъсиси Агентӣ ба афзоиши бесобиқаи ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар кишвар, наҷоти миллионҳо нафар одамон дар давлатҳои ҷаҳон аз нашъамандӣ ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба маводи нашъадор мусоидат намуд. Мувофиқи маълумоти Маркази наркологии вилоят дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 868 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки дар байни онҳо чор нафар занон мебошанд. Зикр гардид, ки вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ишкошим ташвишовар аст. Муртазо Ҳайдарзода вазъи нашъамандиро дар шаҳру навоҳии вилоят бо далелҳои мушаххас таҳлил карда, гуфт, ки давоми нуҳ моҳи соли равон 48 нафар ҷавонон аз истеъмоли зиёди маводи нашъадор ҷонашонро аз даст доданд. Сабаби асосие, ки ба афзоиши нашъамандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст, мавҷудияти марзи тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Дар ин кишвар дар соли 2013 майдони кишти кӯкнор нисбат ба соли пешин 55 фоиз афзудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят дар ин давра 60 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намуда, 523,8 килограмм воситаҳои нашъаоварро мусодира намудаанд.
Дар ҷаласа раиси шаҳри Хоруғ, муовинони раисони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, ки ҳамзамон раисони шӯроҳои ҳамоҳангсозии пешгирии нашъамандии ситоди амалиёти «Кӯкнор-2014» мебошанд, намояндагони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Шӯрои собиқадорони меҳнат, ҷавонону наврасон суханронӣ карда, барои пешгирию аз байн бурдани ин падидаи номатлуб таклифҳои судманд баён доштанд.
Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»