Шодихон Ҷамшед- раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо доктор Қайс Фолравен- вазири тандурустии Хазинаи Оғохон, директори Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон дар Женева ва хонум Фотима Мобаталӣ- директори сариҷроияи Хадамоти ҳифзулсиҳати Хазинаи Оғохон дар Осиёи Марказӣ мулоқот доир намуд.
Раиси вилоят кору фаъолияти ин ниҳодро дар рушди соҳаи тандурустии Бадахшон арзанда арзёбӣ намуд.
Қайс Фолравен изҳор намуд, ки Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон чандин сол боз бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, тавре иттилоъ доред, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар соҳаи тандурустӣ ҳамкориҳои дуҷонибаамон натиҷаҳои хеле назаррасро ба бор овардаанд. Таъсиси Маркази ташхисии минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ мисоли ҳамин ҳамкориҳост.
Шодихон Ҷамшед афзуд, ки мо аз он хеле сипосгузорем, ки Маркази ташхисии минтақавӣ дар самти ташхиси бемориҳо мушкилоти зиёди мардуми моро ҳал намуд. Вале, бояд иқрор шуд, ки ташхиси беморӣ ҳанӯз табобат нест. Хоҳони онем, ки ҳамкориҳои минбаъдаамон маҳз ба масъалаи беҳбуд бахшидани сатҳи табобат равона шуда бошад.
-Имрӯз мардум баъди муайян шудани бемориҳояшон барои табобат ба маркази ҷумҳурӣ ва берун аз он равона мегарданд. Воқеан, ташкили чунин як Маркази замонавии ташхис дар соҳаи тибби вилоят кори бузург аст. Пеш мо умед ҳам надоштем, ки барои ташхиси бемориҳо чунин шароит муҳайё мешавад. Имрӯз, хушбахтона, мо ба он ноил шудаем, бемориҳоро аз вилоят берун нарафта, муайян мекунем, барои табобат асбобҳои зарурии муосир дастрасанд. Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ман фикр мекунам, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳоямон тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд, — афзуд Шодихон Ҷамшед.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»