Ба наздикӣ қитъаи яккилометраи роҳи мушкилгузар ва пурхавфу хатари мавзеи Андарбак- Жамаги деҳоти «Язгулом» дар ҳамдастии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон, бо маблағгузории Ҳукумати Япония аз рӯйи барномаи «Ҷайка» тахту ҳамвор гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Акнун қитъаи роҳи мазкур пурра ба талабот ҷавобгӯй мебошад. Дар расми мавриди истифода қарор гирифтани қисмати роҳи номбурда раиси ноҳия Давлатбибӣ Раҷабова иштирок карда, ба заҳмати роҳсозон баҳои баланд дод. Ҳамчунин сокинони деҳот ба сохтмончиён изҳори миннатдорӣ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки чанд сол муқаддам дар заминаи ҳамкории шабакаҳои Оғохон бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бунёди роҳи мошингард ба деҳаи баландкӯҳи Зайчи водии Язгулом низ оғоз гардида буд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар мулоқоташ бо сокинони деҳоти «Язгулом» ваъда дода буд, ки роҳи мазкур бунёд карда мешавад. Роҳбари вилоят дар ваъдаи худ устувор монд. Қариб як моҳ мешавад, ки корҳои сохтмонӣ дар ин роҳи баландкӯҳ аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ оғоз гаштааст. Роҳсозон ният доранд, ки то ҷашни 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи 8-километраи Жамаг- Зайчро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Ин деҳаи кӯҳистон охирин рустое мебошад, ки то ҳанӯз роҳи мошингард надошт.
Сироншоҳи ДИЛОВАР