Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ, коршиносони бахши сайёҳӣ ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ, ки ба пешбурди соҳа дар вилоят сарукор доранд, ширкат намуданд.
Аз нуқтаи назари коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -Помир минтақаи барои сайёҳӣ хеле мувофиқ шинохта шудааст. Табиати нотакрор — чашмаҳои софу зулол ва гарму шифобахш, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, мавзеъҳои зиёди зебоманзар, забон, урфу одати мардуми ин диёр барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат мекунанд. Мероси маданию этнографии мардуми Бадахшон барои хориҷиён хеле ҷолиб аст. Бо шарофати сайёҳон, ҷуғрофидонҳои олам, ки ҳанӯз садсолаҳо пеш вориди Помир шудаанд, дар бораи зебоии табиати асроромезу нотакрор доштанаш мақолаю асарҳои зиёд навиштаанд. Онҳо Помирро чун кишвари муъҷизот муаррифӣ намудаанд ва имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни олам шахсони зиёде ҳаваси дидани диёреро мекунанд, ки дар бораи табиати дилфиреби он чизе шунидаанду хондаанд.
Ҳукумати мамлакат барои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, бахусус рушди сайёҳӣ, дар доираи имкониятҳои мавҷуда шароит фароҳам овардааст. Рушди сайёҳӣ бо инфрасохтори коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳ, нақлиёт, алоқа, хизматрасонӣ алоқаманд аст. Имрӯз бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат, бо бунёд ва азнавсозии роҳи Кӯлоб — Бадахшон- Кулма, сохтмони чор пул болои дарёи Панҷ Бадахшон аз бунбасти нақлиётӣ комилан берун гашт.
Пайваст гардидан ба шабакаҳои ҷаҳонии интернет, фаъол гаштани ширкатҳои телефонии мобилӣ, пахши чор шабакаи телевизиони ҷумҳуриявӣ ва рӯз дар миён зиёд гардидани антеннаҳои параболӣ боиси рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид. Бо ташкили ширкати энергетикии «Помир», бунёду навсозии як қатор неругоҳҳои барқи обии хурду миёна истиқлолияти энергетикӣ дар вилоят асосан таъмин шудааст.
Корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар тамоми минтақаҳои Бадахшон дар солҳои истиқлолият, бахусус давоми даҳ соли охир, вусъати тоза пайдо кард. Дар қаламрави вилоят зиёда аз ҳазору панҷоҳ иншоот ба маблағгузории зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор ёфтанд.
Яке аз сабабҳои асосии дар замони Шӯравӣ роҳ надодани хориҷиён ба Помир маҳз ба он алоқаманд буд, ки дар шаҳру деҳоти ВМКБ ягон иншооти муҳиме, ки диққати онҳоро ба худ ҷалб месохт, мавҷуд набуд. Ба ҷуз чанд ошхона дар Хоруғ ва маркази ноҳияҳо, меҳмонхонаю тарабхона ва дигар муассисаҳои соҳаи хизматрасонӣ дар деҳот вуҷуд надоштанд. Имрӯз вазъият тамоман дигар аст.
- Дар ин самт тӯли ояндаи наздик сохторҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд кори зиёдро анҷом диҳанд. - Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ мавҷуданд. Имрӯз қисмати зиёди онҳо ҳолати хароб доранд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд дар ободу барқарор намудани онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд ва дар ин кор, бояд бахши хусусӣ — тоҷирону соҳибкорон саҳмгузор бошанд.
Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бешубҳа, муаррифӣ ё тарғиб намудани табиати афсонавию асрорангез, урфу одат, ёдгориҳои таърихию фарҳангии он аз тариқи воситаҳои ахбори омма, интернет ва дигар сарчашмаҳо мебошад. Дар ин кор аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати сармоягузории вилоят, инчунин дигар сомонаҳои интернетие, ки дар вилоят фаъол мебошанд, истифода бурдан лозим аст. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоятро низ зарур аст, ки сомонаи интернетӣ дошта бошад. Дар назди раёсат ташкил ва фаъол намудани маркази иттилоотӣ дар алоқамандӣ ба ин масъала тақозои замон мебошад.
Ҳар нафаре, ки вориди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегардад, аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ, аз нигоҳи рафтору гуфтор, покизагии муҳит, фарҳанги муоширату хизматгузорӣ ба менталитети сокинони вилоят баҳо медиҳад.
Ояндаи Бадахшон ба рушди саноати кӯҳӣ, содироти барқ ва сайёҳӣ алоқаманд аст ва барои рушди онҳо дар ояндаи наздик заминаи воқеӣ фароҳам оварда мешавад. Албатта, омода намудани заминаи моддӣ барои ин соҳа осонтар аст, нисбати он ки мо маънавиёт, менталитети мардумро ба раванди муосир мутобиқ созем. Лутфи хуш, меҳмоннавозии аҷдодӣ, рафтору гуфтору пиндори нек бо меҳмонон ҳам обрӯи миллати моро дар байни халқҳои олам меафзояд ва ҳам ба ҳарчӣ бештар ворид шудани сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат мекунад.
Пешниҳод гардид, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯро масъалаи рушди савдои наздимарзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»